ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Гоҳо ба хотири фош намудани ҳақиқат фаротар аз марзҳои муқарраршудаи рўзноманигорӣ меравад, ки худ низ иқрор мешавад: “Банда сари навиштани ин мақола хеле андеша кардам. Агар бо рамзу ишораву маҷоз чизе бинависам шояд навиштаҳо боз норўшан монанд. Агар ошкоро ҳарф занам мабод, ки ба сард кардани муносибатҳои дипломатӣ бо баъзе кишварҳо муттаҳам кунанд. Вале чи илоҷ, ки имрўз дар сиёсати бузург забони дипломатия аз забони воқеъият ва ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Пас дуруст ин аст, ки аз ҳақиқат ҳарф занем… ” Мавсуф дар мақолаҳояш бо мисолҳои мушаххас дар мавриди шинохти қадри кишвар, обу хоки диёр дар дили хонанда тухми муҳаббати Ватанро мекорад. Чунончи дар мақолаи “Об агар садпора гардад...” баъди тасвири воқеаҳои сафар навиштаҳояшро ба тариқи зайл ҷамъбаст мекунад, ки ниҳоят муассир аст:
“Имрўз вазъи иҷтимоии тоҷикони муҳоҷир хеле тағйир ёфтааст. Онҳо дигар Одинаву Дохунда ва ё Равшану Ҷамшуд нестанд. Дар ҷомеаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби мақому мавқеи устувор шудаанд. Агарчи то ҳанўз дар васоити ахбори оммаи Русия аз рўи одати дерин онҳоро аробакашу кўчарўб меноманд, (Дар ВАО-и Русия як одат ҳокӣ аст, ки агар як образ дар сархати ахбори онҳо қарор гирад, ба осонӣ аз он даст намекашанд. Аз ин рў ақоиде мисли ин, ки тамоми укроиниҳо пайравони бандера, тамоми тоҷикон аробакаш ва тамоми аврупоиҳо бадхоҳи русҳоанд, пайваста ба зеҳни мардуми рус талқин мешавад. ) бахши азими тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифта, соҳиби мағозаву тарабхонаҳо шудаанд ва ҳатто дар сохторҳои гуногуни давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд. Теъдоде аз онҳо аз корҷў ба корфармо табдил ёфтаанд ва на танҳо тоҷикон, ҳатто муҳоҷирони миллатҳои дигар ва мардуми бумиро низ бо кор таъмин мекунанд».
Ошноӣ бо мақолоти ин бахш ба хонанда дар баробари иттилооти муҳим ва мушаххас усули таҳқиқ ва таҳлили воқеоти сиёсиро меомўзонад ва он дар ташаккули тафаккури нав замина мегузорад.
Дар бахши сеюми китоб мақолаҳои номзади илмҳои филология, адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов ҷой дода шудааст. Як силсила мақолаҳои ин муаллиф ба таҳлилу баррасии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла “Тоҷикон дар оини таърих . Аз ориён то Сомониён”, “Чеҳраи мондагор” бахшида шудааст. Махсусан аз ҷониби муаллиф китоби “Чеҳраҳои мондагор” мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифта арзиши ин китоб мушаххас баён мешавад. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки китоби мазкур ”Хонандаи тоҷикро бо таърихии воқеии миллати тоҷик, корномаву корнамоиҳо, шебу фарози таърих, мардонагӣ ва пойдории миллати мо ошно месозад. Нигоштаҳои Пешвои миллат, тасвири воқеаҳои тақдирсози таърихӣ, муқоисаву муқобалаҳо ва хулосаҳо ҳамчун сабақи пандомези таърихӣ барои имрўзиён ва ояндагон арзиши баланд дорад. “ Муаллиф дар мақолоти дигараш оид ба мосоили мубрами рўз аз ҷумла амнияти миллату кишвар, мақоми зиёиён дар ҷомеа, мавқеъ ва манзалати баъзе аз афроди фарҳехтаи кишвар, адабиёт ва фарҳанг бахшида шудааст.
Дар маҷмўъ нашри китоби “Давлат, сиёсат ва ҷомеа” саривақтӣ буда,он метавонад нақши боризе дар рушди худшиносии миллӣ ва ватандориву меҳанпарастӣ гузорад.
Кароматулло Олимов,
академик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё