ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ФАТТОҲЗОДА САИДМУРОД САМАД
ТАРҶУМАИ ҲОЛИ МУАЛЛИФ
Фаттоҳзода Саидмурод Самад, рўзноманигор ва файласуф, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, муовини якуми раиси ҲХДТ.
Саидмурод Фаттоҳзода, 15-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Кўлоб таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рўзнома, сиёсатшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1981 дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси мухбир оғоз шудааст. Баъдан, ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, аз соли 1984 то соли 1986 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шўравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст. Солҳои 1987–1989 дар вазифаи мухбири калони рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
Дар давоми солҳои 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт.
Солҳои 1993–1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994–2007 дар вазифаи мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва
22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2014 инҷониб муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.
Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20-солагии баровардани қўшунҳои Шўравӣ аз Афғонистон» ва медали тиллоии «Ниҳоли дўстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи силсилаи мақолаҳо ва китобҳои илмиву публисистӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё