ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳизби мо дар давоми 20 соли гузашта аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрў ва манзалаташро дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшидааст. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ва сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирўзӣ мерасад.
Ташкилотҳои ҳизби мо пайваста дар ҷараёни ҳаллу фасли мушкилоту проблемаҳои мардум мебошанд. Одамон бо эътимоду боварӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои рўзмарра ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб муроҷиат мекунанд.
Ягон таклифу дархост ва арзу пешниҳодоти онҳо бенатиҷа ва эътибор намемонад. Ҳамин аст, ки ба он аъзо мешаванд ва тақдирашонро ба он мепайванданд. Бинобар ин ҳизби моро на ҳизби ҳоким ё ҳукмрон, балки ҳизби хизматгори халқ гуфтан беҳтару хубтар аст. Зеро ки мо мудом бо халқ ва дар хизмати халқ ҳастем.
Дар айни замон ақидае роиҷ ҳаст, ки гўё мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст овардем. Дар нигоҳи аввал шартан ин дуруст менамояд. Аммо баъди барҳам хўрдани давлати абарқудрати шўравӣ мо шоҳид будем, ки чӣ гуна ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рў ба рў гаштем.
Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ба иқтисоди мамлакат миллиардҳо доллар зиён ворид кард. Хисороти маънавии он низ беандоза буд.
Барои чӣ мо ба чунин ҳол гирифтор шудем? Фикр мекунам мансабталошию манфиатхоҳии баъзе гурўҳҳо ва шахсони алоҳида омили бесарусомониҳо гардид.
Сабаби дигар, фаъол гаштани исломи сиёсӣ буд, ки бо идеологияи коммунистӣ ихтилофоти зиёде дошт. Ҳарчанд ки низоми коммунистӣ барои ҷомеа паҳлуҳои хуб ҳам дошту зарарнок ҳам. Бинобар ин муқовимати онҳо авзои сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ гардонд. Гузашта аз ин аён буд, ки дар пушти муътақидони исломи сиёсӣ баъзе доираҳои ғаразҷўи хориҷӣ қарор доштанд ва мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё