Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мардум аз шеъру сурудҳо лаззат бурданро биомўзанд ва тўйҳо дар зеҳни иштирокдорон солҳои сол нақш бубандад. Чаро мо дар тўю маъракаҳо аз хидматҳои соҳиби маърака ба ҷамъият, авлодони ў, гузаштагонаш нақл накунем. Чаро мо дар тўю маъракаҳо аз таърихи диёр, лаҳзаҳои хотирмон, ҳикматҳои бузурги гузаштагон нақл накунем. Ҳаҷву мутоибот, ҳозирҷавобиро, ки дар сиришти мардуми тоҷик зинда аст, чаро дар тўйҳо ифода накунем?
Ба андешаи банда тўю маъракаҳо ҳам асарест, ки аввалу охир дорад ва танҳо китоби хуби хонданӣ муассир хоҳад буд.
Як ҷанбаи муассири Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз байни мардум ҳазф шудани гилаву гилагузорист. Имрўз агар бо тақозои меъёри муқараршуда ин ё он касро ба маъракаи хеш даъват накунед, чун панҷ сол муқаддам зери борони гилаву ҷингила ва таъна намемонед. Қонун соҳибихтиёрии моро дар даъвати меҳмонон таъмин кард, ки боиси оромии руҳии инсонҳо гардид. Бале, имрўз рўзи шодии хешро инсон бо онҳое мебинад, ки воқеан аз наздикону қарибони ў бошад. Гузашта аз ин, қонуни мазкур ибороти «меҳмони туфайлӣ»-ро аз байн бурд. Имрўз мардум бо табассуми надоматангез ба ёд меоранд, ки дар як субҳ як нафар то 5-6 маъракаи оши наҳорро «зиёрат» мекард, ки дар аксари он меҳмонони туфайлӣ буданд. Бале, он замон камтар фикр мекардем, ки «оё моро ба он маърака хабар кардаанд ё не?» Ташрифи меҳмонони туфайлӣ боиси ташвиши соҳиби маърака ва хароҷоти иловагӣ мегардид. Бале, имрўз бояд дарк кард, ки зиндагии инсон аз тўю маърака рафтан иборат нест.
Арзишҳои дигаре мавҷуд ҳастанд, ки рисолати аслии инсонро муқаррар мекунанд: илмомўзӣ, ҳунарварӣ, ободкориву бунёдкорӣ ва монанди инҳо.

пешина
аз 601
навбатӣ