Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро бе меҳри касб инсон наметавонад ба ҳадафи аслии худ расад ва ин гуна амал дилхоҳ ва пухта нест:
Зи тавфиқи амал кун хилъати хос, Расад онро мутарраз кун ба ихлос Амал к-аз маънии ихлос орист Ба завқи пухтакорон хомкорист Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин насиҳатнома ба мавзўот гуногун даст задааст ва ба фарзанди азизаш матлабҳои муҳими ҳаётиро баён кардааст. Аз ҷумла, дар бораи дўст, дўстӣ ва интихоби дўст мегўяд:
Барои дўстон ҷонро фидо кун, Валекин дўст аз душман ҷудо кун Ки бошад дўст он ёри худоӣ Дилаш равшан ба нури ошноӣ Кашад бори ту чун бошӣ гаронбор Кунад кори ту чун гардӣ зиёнкор Насиҳатномаи мазкур, ки аз 100 байт иборат аст, маҷмўи андешаҳои ахлоқии Ҷомист, ки омўзиши он дар тарбияи насли имрўз судманд аст Аз байни осори Абдураҳмони Ҷомӣ аз назари арзиши тарбиявӣ “Баҳористон” мақоми хоса дорад. “Баҳористон”, ки аз муқаддимаву ҳашт боб ё худ равза иборат аст, дар айёми пирии шоир, дар як муддати на чандон тўлонӣ эҷод гардид ва як андоза метавон онро асари ҷамъбасткунандаи афкору ақидаҳои суханвар номид. Ба иборати дигар шоир дар поёни зиндагӣ боз ба масъалаи тарбия ва таълим, ахлоқ ва одоб, ки муҳимтарин дороиҳои инсоният буда, мақоми ўро маҳз бо меъёри дороии ин сифатҳо муайян кардан мумкин аст, бармегардад.

пешина
аз 601
навбатӣ