ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданҲаминтариқ аз омўзиши осори Абдураҳмони Ҷомӣ метавон ба хулосаҳои зерин расид:
- Навиштани “Насиҳатнома” ба фарзанд анъанаи деринаи мардуми тоҷик буда, он ҳамчун як рукни тарбияи ахлоқии ҷомеа пазируфта мешавад ва насиҳатномаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ беҳтарин намунаи классикии ин навъи пандгўист.
- Омўзиши осори классикони форсу тоҷик, аз ҷумла, Абдураҳмони Ҷомӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти зиёд дошта, дар зиндагӣ амалӣ намудани он инсонро ба ҳадафҳои олӣ ва зиндагии шоиста раҳнамун месозад.
- Дар осори Абдураҳмони Ҷомӣ масъалаи тарбияти фарзанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун кардан дар меҳвари таваҷҷўҳи шоир меистад. Новобаста аз мавзўву мўҳтаво ва жанри адабӣ дар ҳар як асари худ руҷўъ кардани шоир ба масъалаи мазкур андешаи моро тақвият мебахшад.
- Назарияи ахлоқиву тарбиявии Абдураҳмони Ҷомӣ заминаҳои қавии таърихӣ ва таҷрибавӣ дошта, онро аз назари илми педагогика ва психология мавриди омўзиш қарор додан дар тавсии назарияи илмҳои мазкур судманд хоҳад буд.
- Истифода аз маводҳои осори Ҷомӣ дар сифатнок амалӣ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» арзишманд буда, ба рисолати ин санадҳои муҳим тақвият мебахшад.
Соли 2016

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор