ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Сабти мо ба хотири пахш дар телевизион набуд, балки ба хотири сабт дар таърих сурат мегирифт, зеро ҳар дафъа дар ин машваратҳо шахсиятҳои барўманд, олимону муаррихон, донишмандон ва адибон ширкат меварзиданд ва нуқтаҳои ҷолибе оиди бунёди он ироа мешуд. Ҳаргиз фаромўш карда наметавонам баҳсҳоро, филмасал перомуни гузоштани ҳайкали қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар музей ва диораммаи муҳорибаи ў, масъалаи интихоби ранг дар кошикории толори Искандари Мақдунӣ, ки онро “нақшу нигори флорентии санг” низ мегуфтанд, интихоби ёдгориҳои археологӣ барои намоиш, таҳрир ва тасҳеҳи матнҳои дар деворҳои осорхона насб мешуда ва монанди инҳо. Аксари ин машваратҳо ҷанбаи илмӣ ба худ касб мекард ва масоили сохтмону сифати кори бинокорон дар поёнтари ҷаласа мавриди муҳокима қарор мегирифт.
Аз масъулини ҳукумат аз кашидани лоиҳаи осорхона то ҷузъитарин масъалаҳои иҷроиши кор сармеъмори вилоят Музаффар Юнусов, муовини ў Аюбҷон Раҳматов бори заҳмат дар дўш доштанд. Ҳамчунин саррасом шодравон Акбар Маҳмудов низ серкору сертараддуд буду масъулияти бештареро ба зимма гирифта буд. Рассоми маъруф Раҳмат Ботуралиев, ки маҳз барои бунёди толори эллинистии осорхона бо ҳунари кошикорӣ - нақшу нигори сангии флорентӣ таҳти унвони «Искандари Мақдунӣ» сазовори Ҷоизаи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ гардид, бо шогирдони худ эъҷозкорӣ мекард ва мўъҷизаи санъати бемисли онҳо имрўз осорхонаро зинат мебахшад. Ҳикмати ангораҳои ҳамин толор ба инсон таъсири бузурге мерасонад, ки хулосаи он дар абёти дар девори осорхона насбёфта баён ёфтааст, ки дар поёнтар онро зикр мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор