Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Махсусан, дар ин гуна вохўриҳои начандон тўлонии корӣ дар баррасии масоили пешистода нуқтаи назари муттахассисони соҳаро ба таанӣ гўш мекарданд ва пешниҳоду андешаҳои қобили қабулро дастгирӣ мекарданд. Дар сафарҳо усули корбарии Қоҳир Расулзода ба тариқи зер: нахуст ошноии бевосита бо объектҳо, аз ҷумла, муассисаву ташкилот ё хоҷагиву корхонаи саноатӣ, сониян сўҳбати алоҳида бо роҳбарият ва мутахассисини соҳа, ки баъзан ниҳоят бо пурсишу радду бадалӣ тулонӣ сурат мегирифт ва ниҳоят сўҳбати рўёрўй бо кулли коллективи меҳнатӣ ё аъзоёни хоҷагӣ ба вуқўъ мепайваст.
Вохўриву мулоқотҳои Раис ниҳоят самимӣ бидуни сохтакориву маҳдудкунии суолҳои ҳозирин рўи кор меомад.
Мо, кормандони телевизион ва умуман он журналистоне, ки бо он кас ҳамсафар мегаштанд баъди ин гуна мулоқотҳо эҳсоси қаноатмандиву ризоият ҳосил мекардем.
Зеро ағлаби маврид раис масъалаи пешгузоштаи сокинонро дар ҷояш ҳал мекарданд ё дар чанд муддати на чандон тўлонӣ муаммоҳо ҳалли худро меёфтанд. Дар ёдам ҳаст, яке аз аввалин сафар ва мулоқоти кории раиси мўҳтарам дар ноҳияи Спитамен бо коллективи меҳнатии Ҷамъияти саҳҳомии “Гулистон” сурат гирифт. Дар мулоқот маълум гашт, ки дар ҷамъият 850 ҷои корӣ кам гардида, қарзи музди меҳнат тамоман пардохт намегардад. Қоҳир Расулзода дар мисоли ин ҷамъият ба роҳбарони дигар хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки маҳз баъди ин ҷаласа дар як муддати кўтоҳ камбудиҳо бартараф гардид.
Зеро дар меҳвари дастуроти раис ба хоҷагиҳои хурди камхарҷ табдил додани ин ҷамъияти бузург меистод. Дар ин мулоқотҳо дониши баланд, дурбинӣ ва кордонии Қоҳир Расулзода эҳсос мегардид, ки ин боиси афзудани эътимоди мардум бар он кас буд.

пешина
аз 601
навбатӣ