Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Махсусан, таваҷҷўҳи он кас ба шахсият ва ҳунари Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов беандоза буд. Ҳаминтариқ дар якҷоягӣ тасмим гирифтем, ки дар тарғиби “Шашмақом” ва ин шахсиятҳои беназири санъати тоҷик кореро ба анҷом мерасонем, ки мондагор бошад. Нахустин коре, ки бо дастгирии молиявии ин шахс ба анҷом расид, чопи китоби номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Наим Ҳакимов (равонашоншод бод) “Шашмақом” дар асри 20” буд, ки беҳтарин армуғони фарҳангӣ барои дўстдорони санъати миллӣ, хоса муттахассисон ба ҳисоб мерафт. Баъдан, барои амалӣ намудани як лоиҳаи калон таҳти унвони “Боймуҳаммад Ниёзов – ҳунарманди беҳамтои тоҷик”ҳамкориро оғоз намудем. Нахуст қарор шуд, ки дар заминаи сабтҳои аудиоии устод наворҳои видиоиро оғоз намоем ва ҳамзамон сабти як филмнома ва силсилаи барномаҳоро дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Боймуҳаммад Ниёзов ба роҳ монем.
Филми телевизионии “Чашмае баҳри дамон шуд”, ки давомнокиаш як соат мебошад ва дар сари таълифу таҳрири он шоир ва рўзноманигор Мўҳсин Аминзода ва гурўҳи кормандони телевизиони вилояти Суғд заҳмат кашиданд, дар заминаи нақли худи қаҳрамони филм устод Боймуҳаммад Ниёзов сурат пазируфт.(Воқеан он сабти аслии овоз дар бойгонии банда маҳфуз аст). Устод бо як оҳанги муассир ором ва батаанӣ зиндагиномаи хешро оғоз аз даврони наврасӣ нақл мекунанд, ки шунавандаро ба ваҷд меорад.
Манзараҳои зодгоҳ, сари қабри модари азиз, баромад аз саҳнаи баланди театр, лаҳзаҳои дарс барои шогирдон, ҳамагӣ ба филм ранги зиндагиро ато кардааст. Андешаи академик Муҳамадҷон Шакурӣ дар бораи нотакрории сабку услуби Боймуҳаммад Ниёзов ифодагари беназирии сароянда аст.

пешина
аз 601
навбатӣ