Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Адиб бошад, каме беш на танҳо чуқуртар аз як рўз воқеаю ҳодисаро хулоса мекунад, балки чандин воқеаҳою ҳодисаҳоро мушоҳида карда, дар вуҷуди худ ҳазм карда, ба сурати як асари бадеӣ ё як достон, як шеър манзур мекунад. Бино бар ҳамин аксари нависандаҳо аз мактаби рўзноманигорӣ гузаштаанд.
БАРАНДА: Бале, як коре, ки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба анҷом расонид, ин ҳам бошад, эълон кардани озмун барои гирифтани ҷоизаҳо дар риштаи илми суханшиносӣ ё адабиётшиносӣ, дар риштаи таърих, дар риштаи журналистикаю дар риштаи санъат мебошад.
Бале, дар ин раванд ҷоизаҳоро ба ғолибонашон супурданд.
Ин ҷоизаҳо дар риштаи таърих номи доктори илми таърих, профессор шодравон Сайдулло Абдуллоев, дар риштаи суханшиносӣ номи устоди зиндаёди мо Абдулманнони Насриддин, дар риштаи журналистика номи як нафар муаррихи номвар Ҳасан Шарифов ва ҳамчунин дар риштаи санъат номи санъатшиноси маъруф, ки мутаассифона чанде пеш ин дунёро тарк карданд, Наимҷон Ҳакимовро дошта, раёсати кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамин корро ба анҷом расониданд...
МЕҲМОН: Аввалан зинда кардани номи он нафарҳои номвари миллат, ки ба номашон ҷоизаҳо муқаррар шудааст худ кори савоб аст.Ва дигар бовар дорам, ки онҳое, ки соҳиби ҷоиза гардиданд, мо нағз мешиносем, онҳо арзандаҳои арзанда ҳам дар риштаи таърих, ҳам дар риштаи адабиётшиносиву журналистика, ҳам дар риштаи санъат ҳастанд. Боиси зикр аст, ки қадр кардани онҳо намунаи ибрат ба ҷавононест, ки имрўзу фардо ба арсаи адабиёт, ба арсаи журналистика мебиёянд ва онҳо эҳсос менамоянд, ки заҳмати эҷодкор бе мукофот нест.
БАРАНДА: Ташаккур, хуб, вобаста ба масъалаи ниҳоят муҳим, ки худатон инҷо бозгў кардед, ба қарибӣ газетаи «Сухани халқ» як озмуни дигар эълон кард таҳти унвони «Адибони ваҳдатсаро» барои беҳтарин ҳикояҳо, очеркҳо ва таронаҳо.

пешина
аз 601
навбатӣ