Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба ҳар ҳол, нишонаҳои кўшиш ҳаст, бино бар ин, агар мо имрўз онро бо забони дароз ҳикояи бачагона гуфта натавонем, ҳатман фардо мегўем, зеро аллакай аз решаҳо маълум, ки сабзида истодаанд.
Лекин, қонуният ҳаминро тақозо мекунад, ки барои ин мавриду давру соат лозим будааст. Ба ҳар ҳол, эҷодкори хоҳ шеър, хоҳ адабиёти бачагона, хоҳ адабиёти калонсолон бо як, ду, се ва ҳатто чаҳор чорабинӣ ҳам пухта намерасад, барои ин фосилаҳои махсус даркоранд.
Сабабҳои рушд наёфтани ин соҳаро дар сўҳбатҳои байниҳамдигарӣ низ гуфтаем, ба қавле, намешавад гуфтан нодуруст, албатта, пурра мешавад, имрўз не, фардо мешавад. Гуфтан мумкин, синну соли имрўза намояндаҳои адабиёти бачагона ҳам, ба қавле, ба як ҷо расидааст, бо вуҷуди ин, китобҳои ранга интишор менамоянд, аз олами деҳот чизҳои нағз ҳам менависанд. Вале, боз ҳам хуб мешуд, ки адибони адабиёти бачагона адибони солашон ҷавон ҳам бошад.
БАРАНДА: Ташакур устоди азиз, манадеша мекунам, ки сари ин масъала бояд ҳамагон дар якҷоягӣ фикр намоем ва сўҳбати имрўзаи мо метавонад дар тавлиди андешаҳои бинандагон ва хонаддагон дар мавриди пешрафти насри тоҷик таъсири худро гузорад. Дар ҳамин ҷо мо ба сўҳбатамон дар меҳмонхонаи «Сухани халқ» таҳти унвони “Дидор” ҳусни хотима мебахшем ва ба устод барои нақлҳои ҷолибашон изҳори ташаккур менамоем.
С.2017

пешина
аз 601
навбатӣ