ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дуои падар
Дўстону ҳамкорон, хоса онҳое, ки устод Абдуллоҷон Сатторовро аз наздик мешинохтанду мешиносанд ва саргузашти ҷолиби зиндагии эшонро медонанд, зикр мекунанд, ки устоди мо дуои падарро гирифтаанд. Худашон ҳам нақл мекарданд, ки ман ба «ҳамаи орзуҳоям расидаам ва инро аз давлати дуои падарам медонам». Соли 1999 устод бемор шуданд. Дар шўъбаи эҳёи бемориҳои қалб бистарӣ буданд. Ба аёдаташон омадам, ки ҳамсари азизашон – муаллимаи гаронқадр Раъно Самадова дар сари болинашон нишастаанду тимордорӣ мекунанд. Таи якчанд дақиқа бо устод танҳо ба танҳо сўҳбат намудам ва ҳини гуфтугў сифати ҳамсарашонро мекарданду ашк аз чашмонашон ҷорӣ мешуд. Воқеан, бори аввал медидам, ки чашмони устодро ашк фаро гирифтааст. Ман он лаҳза эҳсос мекардам, ки дар ниҳоди устод ду нерў – яке нерўи умедворӣ аз зиндагӣ ва дигаре яъсу ноумедӣ бо ҳам набарде дошт. Устод бисёр мехостанд ба зудӣ сиҳат шаванду хешро боз дар паҳлўи ҳамкорону шогирдон бубинанд. Ҳини худоҳофизӣ устод ғайриинтизори ман хоҳише намуданд: «Саидумрон, Худо хоҳад сиҳат шавам, бо дастгоҳи навобардорӣ ба хона биё.
Мехоҳам аз рўзгори худ барои дигарон ҳикоят кунам. Ман ҳам ғанимат...»
Ниҳоят, расо баъди як мох, бо устод сўҳбати телевизионии мо сурат гирифт ва он гуфтугў барои ман ҷавҳари аслии устоди азизамон Абдуллоҷон Сатторовро ифшо кард. Нақли устод ба тариқе сурат пазируфт, ки аз оғоз то анҷом гўшу ҳуш шудам ва фурсате чанд фаромўш кардам, ки банда чун сўҳбатнигор бояд дар заминаи омодагии қаблӣ ба устод суол диҳам. Сўҳбати ширини устод худ ҷавобе ба ҳамаи суолҳои банда буд. Муҳимтар аз ҳама, ба суоли ҷовидонии зиндагӣ: маънии зиндагии инсони хокӣ дар чист ва баракати дуои волидайн дар чӣ зоҳир мегардад, ҷавоб дарёфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор