ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Он шаб оғози бемории модарам гардид. Ў пай дар пай давоми як сол хун мепартофту ниҳоят ин дунёи фониро тарк гуфт. Рўзгори пурмашаққати мо боз вазнинтар гардид. Ман дар заводи консервбарории ноҳияи Хуҷанд ба Фотимахола гуфтанӣ зан шогирд шуда кор мекардам. Хурд будам, қадам паст буд, дар зери поям қуттӣ гузошта, дар дастгоҳи шишабарорӣ иҷрои вазифа мекардам. Ҳамзамон дарс мехондам ва дар нонвойхонаи деҳа ёрдамчӣ будаму қути лоямут дарёфт менамудам.
Соли 1944 рўзе ба унвони ман номаи секунҷа расид, ки аз падарам буд. Аз нома дарёфтам, ки падарам зинда ҳастанд ва ман тасмим гирифтам, ки ба назди қиблагоҳӣ меравам. Роҳҳои рафтанро меҷустам. Ба шахсони масъули ҷамоат, ноҳия, вилоят муроҷиат мекардам. Вале суде надошт. Ниҳоят, рўзе хабар расид, ки аз фронт ҷанговари фаъол Абдусаттор Ҳоҷибоев омадааст ва донистам, ки баъди адои вазифаи махсус боз ба фронт хоҳад рафт. Назди ў чандин маротиба бо исрори хоҳиши сафар рафтам, вале ў бо сабаби вазнин будани замона ва роҳҳо ба хоҳиши ман розӣ намешуд. Рўзи бозгашташ ба фронт ба хонаи ў рафта таваллову зорӣ кардам, ки маро то Маскав барад.
Ҳарчанд ў рад мекард, вале ман исрор мекардам, ки хоҳиши маро иҷро намояд. Ниҳоят, Абдусаттор Ҳоҷибоев розӣ шуду ба ман ҳамчун ба додари худ ҳуҷҷат омода сохт ва мо ба роҳ баромадем. Ҳоло ҳам андеша мекунам, ки чӣ ўро муассир кард, ки барои маро ҳамроҳаш гирифтан розӣ шуд. Ў маро то Маскав овард ва ба хонаи як дўсташ ҷой карду худ ба Берлин равона шуд. Дар Маскав ҳар рўз ба прокуратураи генералӣ мерафтаму роҳи сўҳбат бо роҳбари ин даргоҳро меҷустам. Таи 7 рўз остонанишини ин идора будам. Ниҳоят рўзе марди қоматбаланду хушчеҳрае назди ман омада пурсид:
- Ту тоҷик?
- Бале, ман тоҷик, -гуфтам.
- Аз куҷо мешавӣ, - боз пурсид ў.
- Аз Қистақўз, аз Хуҷанд, аз Ленинобод - ҷавоб додам ман.
Он мард пурсид, ки аз Хуҷанд киро мешиносӣ. Ман шахсони маъруфу машҳури Хуҷанд Зокиров, Дадобоев, Халифаев, Аминов, Искандаров, Умаров ва бисёр одамҳои дигарро номбар кардам. Баъд аз ман пурсид, ки ту чӣ мехоҳӣ? Гуфтам, ки падарам дар маҳбас ҳастанд, мехоҳам он касро дарёбаму бубинам. Он мард гуфт, ки дар ин замони ҷанг кӣ ба ту иҷозат медиҳад, ки ба «Замини нав» равӣ.
Ман гуфтам: Медонам, роҳ вазнин, замона нобоб, вале то набинам, намеравам. Ниҳоят, муддаои ман то прокурори генералӣ расиду маро ду нафар назди ў дароварданд. Дар назди прокурор донистам, ки тоҷикмарде, ки маро назди эшон даровард, насабаш Қаландаров буда, прокурори шаҳри Конибодом маҳсуб мешудаасту бо кори махсус ба Маскав омада будааст. Баъди радду бадал прокурор аз ҷояш бархосту сўи ману Қаландаров омад, ризояти хешро ба сафари ман дод ва бо табассум ба Қаландаров бо забони русӣ гуфт: «Пусть наши дети тоже будут такими», яъне бигузор фарзандони мо низ монанди ў бошанд.
Бо кўмаки Қаландаров ҳуҷҷатҳои маро тахт карданд, либоси гарм доданд ва бо киштӣ маро гусел намуданд. Бо заҳмати зиёд, дар ҳавои сард баъди аз киштӣ фаромадан гоҳо пиёда, гоҳо савора то ба маҳбасхона расидам. Қиссаи тай кардани роҳ худ китобест, ки намехоҳам ҳозир онро баён созам. Вақте ба маҳбасхона наздик шудам, марде маро пешвоз гирифт ва аҳволамро пурсон шуд. Саргузаштамро нақл кардам. Ў маро ба оғўш кашиду гуфт, ки «Падарат ҳамин ҷост». Он мард аз дар вориди маҳбасхона гардиду баъди на чандон вақти тўлонӣ медидам, ки ба сўи ман марде метохт ва бо овози баланд фарёд мекард: «Абдуллоҷон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор