ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Сеюм. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаҳои пешрафти шаҳру ноҳияҳо, таҳкими фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави ташаккули буҷети ҷамоатҳо, таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо, фароҳам овардани шароит ба рушди иқтисодиёти деҳот зимни тавсеаи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар онҳо.
Чорум. Сиёсати самараноки молиявӣ, истифодаи буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими танзими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, назорати истифодаи мақсадноки хароҷоти давлатӣ, афзун намудани даромади буҷет тавассути такмили низоми андозбандӣ, таъмини устувории қурби асъори миллӣ, тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои нигоҳдории пасандозҳояшон дар бонкҳо, рушди бозори молиявӣ.
Панҷум. Рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, идомаи тадбирҷўиҳо барои таҳкими фазои сармоягузорӣ, чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки истифодаи технологияҳои замонавӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро пешбинӣ кардаанд, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули табақаи миёнаҳол, соҳибкории истеҳсолӣ дар заминаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, тақвияти ҳимоя аз ҳуқуқҳои соҳибкорон, ислоҳот дар низоми санҷишу иҷозатдиҳиҳо, таъмини шаффофият ва самарабахшӣ дар ҷудокунии маблағ тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
Шашум. Пешрафти минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ, бунёди хатҳои нави роҳи оҳан, таҷдиду барқарорсозии саривақтии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳое, ки имконоти транзитии кишварро зиёд мекунанд, ташкилу рушди марказҳои нақлиётию хизматрасонӣ, идомаи ислоҳот дар соҳаи нақлиёт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё