ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Порлумони коммунистӣ фаъолияти ҳизби коммунистиро боздошт. Шояд ин латифаи навтарини сиёсӣ бошад. Дар дунёи мутамаддин кадом ҳизбе, ки дар парлумон мандатҳои бештари депутатиро ба даст оварад, сиёсати давлатро муайян месозад, ҳукуматро созмон медиҳад. Акнун ҳизби бонуфузтарини ҷумҳурӣ (дар ин байн ҷумҳурӣ комилан соҳибихтиёр гашт) аз маъракаи интихоби умумихалқии Президент дур карда шуд. Зоҳиран гўё оппозитсия ғалаба кард, аммо чанд амали охирини онҳо ҷамоати ҷумҳуриро ба ваҳшат овард ва эътибори онҳоро хеле паст гардонид.
ОППОЗИТСИЯ ҶОНИБДОРИ ДАВЛАТ ХУДОНАЗАРОВ
Шояд одамон суол кунанд, ки чаро сарварони Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ, Растохез ва идораи Қозиёт номзадиашонро ба вазифаи Раиси ҷумҳур пешниҳод накарданд?
Мўҳтарам Хоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор ба хубӣ медонистанд, ки имконияти пирўзиашон дар интихобот хеле кам аст. Ба онҳо номзаде лозим буд, ки оппозитсия ўро эътироф кунаду байни мардум то андозае шўҳрат дошта бошад. Инчунин, баъди пирўзӣ шартҳои оппозитсияро ба ҷо орад. Ва ба хулоса омаданд, ки аз Давлати Худоназар дида, номзади беҳтар барояшон нест. Собиқ аъзои КМ ҲКИШ зуд тағйири ранг карда, «якбора ҷомаи» Демократ-ро ба бар кард. Қозӣ Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода бо як оҳанги калонгирона дар мусоҳибааш бо рўзноманигори «Мегаполис экспресс»
мегўяд, ки ҳеҷ гоҳ коммунистро дар арсаи сиёсӣ дастгирӣ намекунад. Як сабаби асосие, ки қозиро аз Раҳмон Набиев дур кард, ҳамин будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё