Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба ҳамин тариқа, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисодиёт ва пайваста баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳое ба вуҷуд оварданд, ки мо боз як қадам болотар пой гузошта, ба тақвият додани табақаи миёнаҳоли аҳолӣ, густариш додани он ва бештар сохтани саҳми соҳибкоронамон дар ин равандҳои сарнавиштсоз камар бубандем.

БАРНОМАИ НАВ:
«Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»
Акнун дар бораи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои давраи нави рушди мамлакат, барои панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст, ба таври мухтасар маълумот медиҳем. Он ниятҳое, ки дар ин барнома оварда шудаанд, он нақшаҳое, ки пешниҳод мешаванд, гапҳои ҳавоӣ нестанд. Ҳар яке бар заминаи имрўз, ба он имконоте, ки мардуми мо, сарзамини муқаддаси мо дар ниҳодашон доранд, такя мекунанд. Ва албатта, мисли барномаҳои пешинаи мо иҷро мешаванд. Агар ин барнома ба мардум писанд биояд, агар онҳо ин бор ҳам дар рўзи интихобот ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он барои вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ овоз диҳанд, он бечунучаро амалӣ карда мешавад.
Барнома «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»

пешина
аз 601
навбатӣ