Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Навъҳои асосии бехмевагиҳои хўроки лаблабуи қанд, харшалғам, шалғами хўроки чорво ва сабз ба шумор мераванд.
Дар солҳои охир барои хўроки чорво дар бисёр ноҳияҳо лаблабуи қанд парвариш мекунанд. Дар мавриди агротехникаи дуруст ин зироатҳо ҳосили зиёд ва устовори хўроки арзишноки чорво медиҳанд.
Меҳнатталабии онҳо дар гузашта бо кор карда нашудани усулҳои механиконии парваришашон шарҳ дода мешавад. Дар солхои охир ҳангоми парвариши бештари бехмевагиҳо бо мақсади мубориза бо алафҳои бегона гербитсидҳо ва тарзи кишти қаторнуқтаро истифода мебурдагӣ шуда, бо агрегати махсус бо роҳи ягонакунӣ зичии қарордоди мўътадили ниҳолхоро ташаккул доданд. Ҷамъоварии бехмевагиҳо ва баргу пояи ин қабил зироатҳо низ механиконӣ мегардад. Ҳамаи ин меҳнат ва арзиши маҳсулоти ҳосилгаштаро сабук ва арзон мекунад. Аз ҳамаи бехмевагиҳои хўроквории майдонӣ бештарро лаблабуи хўрока ишғол мекунад, ки бо қуллайӣ ва ҳосили баландаш тавзеҳ меёбад.
Норасоии умумии ҳамаи намудҳои бехмевагиҳои хўрокӣ ин кам будани моддаи хушк (9-14%) дар таркиби онҳост, гарчи таносуби моддаҳои ғизоӣ дар лаблабуи хўрокӣ хуб аст. Ба ғайр аз ин моддаҳои ғизоии ҳозим дар он хеле баланд аст.
Дар лаблабуи қанд назар ба дигар бехмеваи зироатҳои ин гурўҳ моддаи хушк ба миқдори 1,5-2 маротиба бештар аст. Онҳо то баҳор ба хубӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва бахусус барои говҳои ширдеҳ хўроки хуби обдор ба ҳисоб мераванд.

Мўҳлат ва сарфи тухмии зироатҳои кишоварзӣ

Номгўи Намудҳои замин Мўҳлати Зиҷии
№ зироатҳо кишт ниҳолҳо, Обӣ, Лалмӣ,
млн. кг/га кг/га
растанӣ/г
а
1 Гандум

Ҷав

пешина
аз 164
навбатӣ