Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
индексатсияи меъёри андози замин
Бо назардошти тағиироти нарх ва тарифҳои мол (кор, хизматрасонӣ), инчунин хароҷот барои истеҳсоли онҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Моддаи 1.
Коэффитсиептҳои индексатсияи меъёри андози замин барои соли 2000 барои заминҳои берун аз шаҳрҳо ва шаҳракҳо 6а андозаи 1,4 маротиба ва барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо ба андозаи 2 маротиба муқаррар карда шавад.
Моддаи 2.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2001 ва солҳои минбаъда ҳангоми тағиир ёфтани нарх ва тарифҳо барои молҳо (кор, хизматрасонӣ) ва хароҷот барои истеҳсоли онҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад ба як банди фоизи, меъёри андози замин ба 0,7 фоиз зиёд карда мешавад.
КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Иқтибосҳо)
Моддаи 302. Моликияти деҳқонӣ ва хоҷагии ёрирасон.
- Хоҷагии деҳқонӣ таҳти моликияти худ биноҳои истиқоматӣ, иморатҳои хоҷагӣ, ниҳолзори қитъаи замин, ҳаивоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техника ва таҷхизоти кишоварзӣ, воситаи нақлиёт ва дигар амволро, ки барои пешбурди мустақилонаи истеҳсоли кишоварзӣ, коркард ва фуруши, маҳсулот заруранд, қарор дода метавонад.
Маҳсулот ва даромади он моликияти хоҷагии деҳқонӣ мебошанд ва агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошанд, аз ҷониби онҳо мутобиқи салоҳдидашон истифода мешаванд.
2.Амволи хоҷагии деҳқонӣ, агар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба аъзои оилаи ў дар асоси ҳуқуқи умумии моликияти муштарак тааллуқ дорад.
3.Қоидаҳои моддаи мазкур инчунин нисбат ба хоҷагии ёрирасони шахрвандон низ татбиқ мегардад.
Моддаи 305, Моликияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ). - Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар доираи ҳуқуқи моликияти якҷояи аъзоёни он мебошад, агар тибқи қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё