Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
- Андозаи саҳми аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооператив мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи тартиби пешбинӣ намудаи қисми 3 моддаи 306 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
(Иқтибосҳо)
Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи замин.
Муносибати вобаста ба замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
Муносибатҳои вобаста 6о истифодабарии боигариҳои кўхсор, ҷангалзору обҳо, муносибатҳои истифодабарию хифзӣ набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд.
Моддаи 2. Моликият ба замин.
Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.
Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин.
Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таъиноти мақсаднокашон ба категорияҳои зайл тақсим мешаванд:
- заминҳои таъиноти кишоварзӣ; 2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот); 3) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар; 4) заминҳои таъиноти ҳифзӣ табиат, солимгардонӣ, рекриатсионӣ ва таърихию маъданӣ; 5) заминҳои фонди давлатии ҷангал; 6) заминҳои фонди давлатии об; 7) заминҳои захираи давлатӣ.
Категорияҳои замин дар ҳуҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) дар кадастри давлатии замин; б) дар китоби ба қайдгирии замин; в) дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи до дани замин; г) дар ҳуҷҷатҳои муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё