Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бо истифодаи мўҳлатнок қитъаҳои замин ба ашхоси юридикию воқеӣ ба Мўҳлати муайян дода мешаванд.
Истифодаи муҳлатноки замин метавонад кутоҳмуддат то се сол ва дарозмуддат то даҳ сол бошад.
Қитъаҳои замин ба истифодаи муҳлатнок фақат барои эҳтиёҷоти давлатӣ дода мешаванд.
Моддаи 14. Иҷораи замин.
Заминистифодабарандагони якумдараҷа метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.
Шартномаи иҷораи замин бе тағир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста мешавад.
Иҷораи қитъаҳои замин ба муддати то 20 сол дода мешавад.
Андозаи иҷорапули бо шартномаи иҷора муайян карда мешавад.
Қитъаҳои замин аз фонди махсуси замин ба заминҳои эҳтиёҷоти давлати метавонанд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ ба муҳлати то 10 сол иҷора дода шаванд.
Моддаи 15. Ба қайдгирии давлатии ҳуқуқӣ истифодаи замин.
Ба қайдгирии давлатии истифодаи замин аз тарафи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо амали гардида, корҳои зайлро дар бар мегирад:
а) ба китоби ба қайдгирии замин дохил намудани маълумот дар бораи шахси заминистифодабаранда, тавсифи қитъаи замин (категорияи заминҳо, мақсади истифода, номгўйи заминҳо, масоҳат, ҳудуд, рақами кадастрӣ ва дигар тавсифҳо); б) ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқӣ истифодаи замин мутобиқи моддаи 17 Кодекси мазкур бо нишондоди рақами бақайдгирӣ ва замимаи харита ё нақшаи ҳудуди қитъаи замин.
Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби ашхоси ҳуқуқию воқеӣ аз вақти гарифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, шурўъ мешавад.
Шакли китоби бақайдгирии замин, тартиби бақайдгирӣ ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои намунавиро, барои муқаррар ва тасдиқи ҳуқуқи истифодаи замин лозиманд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 16. Асосҳо барои рад карданиба қайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин.

пешина
аз 164
навбатӣ