Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Шикор, шикори моҳӣ, ҷамъоварии меваҳо, аз он ҷумла чормағз, алафҳои табобатӣ, меваҳои буттагӣ, дигар маҳсулоти табиат ё фаъолияти дигар дар қитъаи замине, ки ба хоҷагии деҳқонӣ вобаста карда шудааст, танҳо бо розигии сардори хоҷагии деҳқонӣ ва ё дар асоси шартномаи тарафайн мумкин аст.
Агар дар қитъаи замин иморатҳо, дарахтони бисёрсола ё дигар иншоотҳое, ки ба ҷои дигар интиқол додани онҳо имконнопазир аст, вуҷуд дошта бошанд, хоҷагии деҳқонӣ ба заминистифодабарандаи қаблӣ қиммати боқимондаро талофӣ мекунад. Агар тарафҳо оиди тартиби дигаре мувофиқат накунанд, баъд аз ин иншоотҳои мазкур ба истифодаи хоҷагии деҳқонӣ мегузаранд.
Моддаи 18. Ўҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, ўҳдадоранд:
а) мутобиқи таъиноти мақсаднок заминро самарабахш истифода намояд, ҳосилхезии онро баланд бардоранд, оиди муҳофизати замин, ҷангал, об маҷмўи тадбирҳо андешанд ва ҳангоми фаъолияти хоҷагидориашон ба бад шудани вазъияти экологӣ роҳ надиҳанд; б) пардохти истифодаи қитъаи замин ва дигар намудҳои андозро дар вақташ супоранд; в) барои самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ саҳмгузор бошанд, маълумотҳои муқаррарнамудаи қонунро дар бораи фаъолияти худ ва истифодаи замин сари вақт ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) пешниҳод намоянд; г) мувофиқи тибқи муқарраршуда зарари пастшудани ҳосилхезии заминро, ки бо гуноҳи заминистифодабаранда рўй додааст, талофӣ кунанд; д) ўҳдадориҳои шартномавӣ ва интизоми қарзию кредитии ҳисоббаробаркуниро риоя намоянд; е) ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.
Моддаи 19. Ба мерос гузаштани амвол ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқонӣ Амвол ва хуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос мегузарад.

пешина
аз 164
навбатӣ