Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Давлат озодии иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқии ҳаммаи намудҳои моликият, аз он ҷумла хусусиро кафолат медиҳад» ё ин ки дар Моддаи 13 омадааст: «Замин, боигариҳои он, об, фазои ҳавоӣ, олами растаниҳо, ҳайвонот ва дигар ашёҳои хоми табии, қатъиян моликияти давлатианд ва давлат истифодаи самраноки онро ба нафъи мардум кафолат медиҳад».
Моддаи 32: «Ҳар як кас ҳуқуқ ба моликият дорад» ва ғайра.

Қонуни асосие, ки фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро ба танзим медарорад, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» мебошад, ки соли 2002 қабул шудааст.
Қонунҳои дигаре, ки муносибат ба заминро ба танзим медароранд, Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.12.1996 кабул шуд), Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» (28.04.2001) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» (2001с) мебошанд.
Ҳуқуқҳои амволӣ ва ўҳдадориҳои шаҳрвардон дар Кодексҳои Гражданӣ, Ҷиноятӣ, Андоз, Меҳнат ва ғайраҳо таҷассум ёфтаанд.
1.2. Муносибатҳои молу мулкӣ Дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" муайян шудааст, ки хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти истеҳсолию хоҷагиашро дар асоси истифодабарии молу мулк ва замини дар истифодааш буда амалӣ мегардонад. Тибқи ин нишондоди қонун хоҷагии деҳқонӣ дар моликияташ молу мулке, ки барои истеҳсол, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкардааш заруранд, дошта метавонад.
Молу мулки хоҷагии деҳқониро ҳамагуна амвол ташкил карда метавонад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 292 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти умумӣ гуфта молу мулкеро эътироф менамояд, ки дар моликияти ду ва зиёда нафар қарор дорад ва он ба ду намуд тақсим мешавад:

  1. Моликияти ҳиссагӣ;
  2. Моликияти якҷоя.
    Мувофиқи меъёри дар боло овардашуда моликияти ҳиссагӣ чунин шакли моликияти умумиест, ки дар он ҳиссаи (саҳми) ҳар яке аз аъзоён дар моликияти умумӣ муайян шудааст ва ҳангоми тақсим кардани он амвол байни иштирокчиён мувофиқи шартномаи басташуда тақсим карда мешавад.
пешина
аз 164
навбатӣ