Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моликияти якҷоя бошад яке аз намудҳои моликияти умуми ҳисоб мешавад, ки молу мулк моликияти умуми буда, дар он ҳиссаи аъзоёни хоҷаги тақсим карда намешавад.
Қисми 2 моддаи мазкур номгуи молу мулкеро, ки дар моликияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ буда метавонанд, номбар кардааст. Мувофиқи он молу мулки зерин, ки аз маблағи якчояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ ба даст оварда шудааст, моликияти умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ ҳисобида мешаванд:

  • ниҳолзори қитъаи замин;
  • иморатҳои хоҷагӣ ва дигар иморат;
  • иншоотҳои мелиоративӣ ва дигар иншоотҳо;
  • ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда;
  • техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаю таҷҳизот;
  • воситаҳои нақлиёт;
  • асбобу анҷом ва дигар молу мулк.
    Самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба даст омадааст, молу мулки умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ буда, мувофиқи созишномаи байни онҳо истифода мегардад.
    Воситаҳои пулии хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби даромад аз фуруши маҳсулот, қарзҳо, маблағҷудокуниҳои бучетӣ, пардохтҳои хайриявӣ ва дигар даромадхо ташкил мегардад. Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар бонкхо суратҳисоби бонкӣ ва дигар ҳисобҳо, аз ҷумла ҳисоби асъори (валютӣ) кушояд. Истифодабарандаи ин ҳисобҳо танҳо худи хоҷагии деҳқонӣ мебошад ва ҳеҷ кас ё ҳеҷ мақомоти давлатӣ ё ҳуқуқӣ аз ҳисоби бонкии хоҷагии деҳқонӣ баровардани маблағро бе розигии вай надорад. Ягона истисно аз ин қоида барои суди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, ки ваи метавонад бо Карори конунии худ метавонад аз он маблағи заруриро ба фоидаи шахси дахлдор руёнад.

1.3. Ҷавобгарии хоҷагии деҳқонӣ ва аъзоёни он Хоҷагии деҳқонӣ дар рафти фаъолияташ қонунгузориро оид ба замин бояд бечуну чаро риоя намояд. Барои вайрон кардани он қонунгузории ҷорӣ чанд намуди ҷавобгариро пешбинӣ кардааст. Умуман ҷавобгарӣ ба чор намуд тақсим мешавад:

  1. Ҷавобгарии интизомӣ;
  2. Ҷавобгарии маъмурӣ;
  3. Ҷавобгарии чиноӣ;
  4. Ҷавобгарии гражданӣ.
пешина
аз 164
навбатӣ