Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Оид ба ин намуди андоз давраи ҳисоботи моҳи тақвими мебошад.
Андоз аз моликияти корхонаҳо.
Чи тавре, ки дар бобҳои боло қайд намудем, хоҷагии деҳқони фаъолияташро дар асоси молу мулки якҷояи аъзоёнаш ба амал мебарорад. Мувофиқан ин молу мулк моликияти хоҷагии деҳқонӣ ҳисоб шуда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбанди мегардад.
Ба сифати объекти андоз аз моликияти корхона (хоҷагии деҳқонӣ) ҳамаи моликияти корхона (хоҷагии деҳқонӣ) аз ҷумла, дороии ғайримоддию захиравии (нематериальние активи и запаси) он бо ифодаи арзишии он, ки дар балансаш нишон дода шудааст, ҳисоб карда мешавад. Арзиши андозбандишавандаро арзиши бақияи балансии миёнаи солонаи моликият ташкил мекунад.
Меъёри андоз 0,5 фоизи арзиши андозбандишавандаро ташкил мекунад.
Давраи андозбандӣ барои андоз аз моликияти корхонаҳо соли тақвими (календарӣ) мебошад.
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард. Ин намуди андоз аз арзиши боркашонӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки бо андози арзиши иловашуда андозбанди мегардад, ситонида мешавад.
Меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 2% манбаи андозбандии дар боло қайдгардидаро ташкил мекунад.
Давраи ҳисоботи барои ин андоз моҳи тақвимӣ мебошад.
Андоз аз фуруш. Супорандагони андоз аз фуруш танҳо шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва воқеӣ мебошанд, ки нахи пахта ва алюминийро чи дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз он мефурушанд. Барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ин намуди андоз танҳо нисбати фуруши нахи пахта амал мекунад.
Меъёри андоз аз фуруш барои нахи пахта 10% нархи биржавиро ташкил мекунад.
Андоз аз фуруш бояд дар муҳлати на дертар аз 3 (се) рўз пас аз воридшавии маблағ ба ҳисоби бонкии фурушанда ва ҳангоми ҳисобу китоб бо пули нақд на дертар аз 3 (се) рўз пас аз воридшавии маблағ ба хазинаи фурушанда пардохта шавад. Агар пахта берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фурухта шавад, онгоҳ андоз аз фуруш то аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани мол бояд пардохта шавад.

пешина
аз 164
навбатӣ