Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Фермерон бо миқдори 7-10 нафар дар як гуруҳ бояд мўттаҳид шаванд. Ин гуруҳҳо аз ҳисоби шахсоне ташкил меёбанд, ки ҳамдигарро медонанд, ба ҳамигар боварӣ доранд ва дар наздикии якдигар зиндагӣ мекунанд. Чунки аъзоёни гуруҳ ўҳдадории якдилию масъулиятноки қабул мекунанд. ГМЯ эътимоднокии қарзи аъзоёнашро кафолат медиҳад, агар як кас қарзро надиҳад ҳамаи дигарон қарзи ўро мегардонанд. Ин дар асоси шартномаи ёрии ҳамдигарӣ асос ёфта, ҳамаи аъзоён ба он имзо мегузоранд. Аъзоёни ГМЯ бори дуюм қарз гирифта наметавонанд, агар ягон нафари онҳо дар вақташ қарзро барнагардонад. Фаъолияти дохилии гуруҳ аз ҷониби сарвар ва аъзоёни гуруҳ назорат карда мешавад. Шахсе, ки шартҳои шартномаро вайрон менамоянд аз ҷониби худи гуруҳ муҳокима карда мешавад.
Дар қатори додани қарз (заём) ба ГМЯ –и тарзи классикӣ шарт гузошта мешавад, ки онҳо ба тиҷоратҳои гуногун машғул шаванд.
Таҷрибаи корӣ ва таҳлилӣ дигар нақшаҳои микромаблағгузорӣ ба мо имкон меиҳад, ки чунин моделҳои микромаблағгузориро пешниҳод намоем.
Гурўҳи омехта:
- Дар ГМЯ –и алоҳида , ки тавсияҳои хуби қарзи доранд ва ба бизнеси хуб машғуланд, метавонанд ҳамаи аъзоён ба як бизнес машғул шаванд. Аммо ба ҳар кас мувофиқи талаботаш қарз дода шавад (миқдори қарз барои аъзоёни ГМЯ аз 200 $ то 500 $, фоизаш дар як моҳ - 3 % ).
Умуман барои ҳамаи аъзоёни ГМЯ то 5000 $ ҷудо карда шавад. - Дар ГМЯ, ки агробизнеси хуб ташакул ёфтааст, аъзоёни як оилаи фермерӣ метавонанд мутаҳҳид шаванд (миқдори қарз барои ҳар як аъзо аз 200 $ то 500 $, ҳаҷми фоизи якмоҳа - 3%).
Умумӣ барои ин ГМЯ – 5000 $. - Фермероне, ки хоҷагиҳои фермерии алоҳида доранд ва дар ГМЯ гирд омадаанд, таҷрибаи кории соҳавӣ доранд, метавонанд то 1000 $ маблағ гиранд, фоизаш 3,5% дар 1моҳ.
Умумӣ барои ин ГМЯ аз 5000 то 10000 $.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё