Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хондан- талабот ба ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва коркарди амиқ (пурра) зиёд мегардад;
- консентратсияи истеҳсолот, аз аз як тараф, ба арзоиш ёфтани ҳаҷми он ва паст рафтани арзиш нисбат ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда бурда расонад, аз тарафи дигар, боиси дур гаштани истеҳсолот аз макони истеъмолӣ мегардад, ки дар натиҷа хараҷоти ба фуруш алоқаманд меафзояд;
- таъсири зараровар ба табиат ва муҳити атроф таҷвият меёбад.
Дар фаъолияти хоҷагидори ва корчалонии КАС бо сохти ташкилию хоҷагидорӣ, ҳамчунин дар ташаккули корчалонии хурд ва агробизнес бо самтҳои гуногун системаи идоракунӣ ба василаи агромаркетинг моҳияти зиёд касб менамояд. Дар замони ҳозира системаи агромаркетинг аз ҷиҳати илмӣ асоснок нагаштааст ва корҳои тадқиқотии амалӣ доир ба лоиҳагири, ташкили амалиёти оқилона амалан кор карда нашудаанд.
Системаи агромаркетинг
Муассисаҳои КАС ва фаъолияти маркетинги он системаи кушода буда, аълоқаро бо муҳити беруна тавсиф менамояд ва худудҳои нуфуспазирро соҳиб мебошад. Муассисаҳои КАС системаи худтаъминкунанда ба ҳисоб намеравад, аз ин рў байни он ва муҳити маркетинги бо захира ва ахборот мубодилаи ҳамешагӣ сурат мегирад.
Системаи агромаркетинг дар доираи худ маҷмуи муносибатҳои нисбатан моҳиятноки бозорӣ ва селаи ахборотро дар бар мегирад ва муассиҳои КАС-ро бо бозори фуруши маҳсулот алоқаманд месозад. Муассисаҳо алоқаашонро бо бозор ва унсурҳои он, бо муҳити агромаркетингӣ алоқаро барқарор намуда, бо он ахборот, маҳсулоти истеҳсоли кишоварзӣ ва хадамотро равона сохта, бар асари ин мубодила пул, ахбор, ашёи хом , хадамот ва ғайро ба даст меорад.
Зери мафҳуми системаи агромаркетинг маҷмуи ҳамаи навъҳои фаолият, ки ба ҷарвабни ҳаракати маҳсулоти ғизои ва хадамот марбут мебошад, аз истеҳсолоти кишоварзи сар карда то лаҳзае, ки онҳо ба дасти истеъмолкунандагон нарасиданд, фаҳмида мешавад.
Умдатарин мафҳуми маркетинг – эҳтиёҷоти инсон ба ҳисоб меравад. Эҳтиёҷ ин аз ҷониби инсон нисбати ягон чизи зарурӣ нарасоӣ доштанро ифода мекунад. Одамон эҳтиёҷоти гуногун доранд. Онҳоро ба ҷисмони – эҳтиёҷ ба озуқа, либос, гарми ва бехатарӣ; иҷтимои – муносибат ва дилбастаги; фардӣ – талабот ба дониш ва худзоҳирсозӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё