Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Ба қайди мақомоти омори давлатӣ дар маҳали ҷойгиршавии хоҷагӣ гузаштан:
  • мактуби хоҷагии деҳқонӣ барои бақайдгирӣ;
  • қарори Ҳукумат (нусха барои шиносшавӣ);
  • барои хоҷагии деҳқонӣ (фермерии) ширкати оддӣ (нусхаи шартнома барои шиносшавӣ).
  1. Ҷамоат ҳар як хоҷагии деҳқонӣ (фермери)-ро дар китоби хоҷагӣ, ки дар он маълумотҳои умумӣ зикр карда мешаванд, ба қайд мегирад.
    Моддаи 7. Сардори хоҷагии деҳқонӣ Сардори хоҷагии деҳқонӣ яке аз аъзои қобили меҳнати он, ки дорои донишу малакаи соҳаи кишоварзӣ мебошад ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кории амалӣ дорад, буда метавонад.
    Сардори хоҷагии деҳқонӣ манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ намояндагӣ намуда, фаъолияти хоҷагидориро ташкил менамояд.
    Сарвари хоҷагии деҳқонӣ (фермери)манфиатҳои хоҷагии деҳқониро дар муносибатҳо бо корхонаҳо, ташкилотҳо , шаҳрвандон ва мақомотҳои давлатӣ муаррифи менамояд.
    Моддаи 8. Ҳуқуқи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ оиди ташкили ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ Аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мутобиқи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонад ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ аст, таъсис диҳанд.
    Ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ чун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро, ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи Қонун намебошад, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликияти он мебошад.
    Андозҳои саҳми аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооперативи истеҳсолӣ мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
пешина
аз 164
навбатӣ