Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Баъд аз ин хушсифат нарм кардани замин, онро ҳамвор карда сихмола карда ва ҷуйякҳоро барои кишти ин зироатҳо кашед.
Дар заминҳое, ки пиёз ва сабзи кишт карда мешавад нурии органики (поруи маҳалӣ)-ро ба зироатҳое ки пеш аз онҳо кишт карда мешавад пошидан зарур аст (ба монанди помидор, карам, картошка). Чунки агар ба кишти пиёзу сабзи пору пошида шавад дар замини кишти ин зироатҳо алафҳои бегона хело бисёр шуда, сабзиши ин зироатҳоро суст мегардонад ва дар замини кишти сабзӣ сифати маҳсулоти онро хеле паст мекунад. Барои кишти картошкаи барвақтӣ ва пиёз заминро бояд дар моҳҳои октябр ноябр тайёр кардан зарур мебошад.
Агротехникаи парвариши зироатҳои сабзавотӣ Агротехника – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш (агро-саҳро) техник (technic-санъат), ё ин ки технологияи деҳқонӣ, маҷмуи усулҳои парвариши зироат ва руйонидани ҳосили баланди ҳамаи зироатҳо мебошад.
Вазифаи агротехника асосан аз киштгардон, шудгори замин, нуриандозӣ, барои кишт тайёр намудани тухмӣ, кишт, нигоҳубини хуби растанихо, нест кардани алафхои бегона, хашаротхои зараррасон ва касалихо, хосилгундори, яхобмони, обёри ва гайра мебошад.
Барои гирифтани ҳосили баланду босифати зироатҳои сабзавотӣ муҳлати кишти онҳо роли асосиро мебозад. Шароити обу ҳаво, иқлим ва хоки Тоҷикистон имконият медиҳад, ки кишти картошкаро дар муҳлатҳои гуногун гузаронем. Муҳлати кишти зироатҳои сабзавотӣ асосан дар се вақт ( тобистона, баҳорӣ ва тобистона) мусоид аст.
Кишти тирамоҳӣ, аввали баҳорӣ ва кишти тобистона.
Кишти тирамоҳӣ, асосан дар моҳҳо ноябр ва аввали декабр бамаврид аст. Кишти баҳорӣ бошад дар моҳи феврал ва аввали март гузаронида мешавад. Кишти картошка дар моҳҳои ноябр ва аввали декабр бояд дар чуқурии 15-17см гузаронида шавад.
Чунки агар зимистон ҳарорати ҳаво сахт хунук шавад лундаҳое, ки дар чуқурии кам (8-14см) ҷойгир шуданд, хунук задани онҳо аз эҳтимол дур нест. Кишти баҳориро бошад дар чуқурии 6-8см гузаронидан лозим аст.
Тухми помидорро барои тайёр намудани ниҳол дар моҳи феврал дар зери пленка бояд гузаронида шавад. Барои ин дар масофаи 1.5-2.0 метр ҷой тайёр кунед, ки бараш 1.5м бошад ва дар он 10гр. тухмӣ, дар чуқурии 1-1.5см бояд кошт шавад. Баъд ба киштзор об пошида ва онро бо пленкаи полиэтеленӣ пушонед, вақти ниҳолҳо аз замин баромадан онҳоро нағз нигоҳубин карда, дар вақти пайдо шудани 6-8 барг ё ин ки 35-40 рўза шудани онҳо дар нимаи якуми моҳи апрел ва аввали моҳи май дар замини кушод шинонед.

пешина
аз 164
навбатӣ