Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Гамбуси колорадӣ ҳашароти хурд буда, бештар ба киштзори картошка, боимҷон, помидор, қаламфур зарар мерасонад.
Ҳашароти болиғи он, тухмаш шакли кўтоҳ ва барҷаста буда, рангаш зарди ҷилонок мебошад, сар ва қисми тахтапушташ доғҳои сиёҳ дорад. Ҳар кадом болпушт панҷтои рахи борики тира дорад. Дарозии гамбусҳо 7-12 мм, барашон 4.5-8 мм аст.
Тухмаш норинҷии равшан 1.1-1.8 мм, баландиаш 0,6мм ва 0.8мм васегӣ дорад.
Кирминаи синни (давраи) якўм тираи хокистаранг дарозиаш 1.5-2.4мм, дуюм-сурх дарозиаш 2.5-4.5мм, сеюм сурхи норинҷи дарозиаш 4.6-9.0 мм, чорум норинчи дарозиаш 9.1-16 мм. Зочаи гамбус зарди сафедчатоб, дарозиаш 9-10 мм васеъгиаш 6-6.5 мм мешавад. Гамбуси болиғ дар хоки майдони картошка дар чуқурии 70-100 см зимистонро мегузаронад.
Дар охирҳои моҳҳои март ва аввали апрел вақти ҳарорати замин ба 12-16 С мерасад, гамбус аз зимистонгузаронӣ мебарояд.
Ба инкишофи зараррасонии он ҳавои гарм мусоидат мекунад.
Барои нест кардани гамбуси колорадӣ чораҳои зеринро дидан лозим аст. Нарм намудани хоки байни қаторҳо дар давраи ба зоча табдилёбии кирминаҳо.
Ҷамъ ва нобуд сохтани гамбус ва кирминаи он. Ин амал яке аз чораҳои хуби мубориза барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон мебошад, ки бениҳоят фоидаи хуб медиҳад. Барои ҳамин саҳар то гарм шудани ҳаво ҷидани кирминаҳо ва гамбусҳо, нобуд сохтани онҳо зарур аст.
Дар вақти аз ҳад зиёд шудани онҳо (5-8 дар 1 м2) истифодаи заҳрҳои химиявӣ ба монанди Нурелл-Д, Децис, Фюре ба миқдори 15-20 г. дар як сотих.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҳар сол ба андозаи 32.3% ё ин ки 129 млн. тонн ҳосили картошкаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби касалиҳо ва ҳашаротҳо кам мегардад, ки ин баробари 5 млрд.
доллар мебошад.
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон картошка аз касалӣ ва ҳашаротҳо зарари калон дида, талафи ҳосил танҳо аз касалиҳои вирусӣ баъзан ба 30-40% мерасад.
Касалиҳои картошкаро занбуруғҳо, бактерияҳо, вирусҳо, актиномицетҳо ва микоплазмаҳо, ки андозаи ниҳоят хурд доранд, асосан дар зери микроскоп аён мегарданд ба вуҷуд меоранд.
Яке аз касалиҳои хавфноки картошка ин касалии фитофтороз мебошад. Аломатҳои аввалини касалӣ дар давраи пайдоиши муғчаҳо ва гулкунии растанӣ зоҳир мегардад.

пешина
аз 164
навбатӣ