Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Обмонии пиёз дар моҳҳои ноябр-декабр-феврал кишт карда шударо вобаст аз боду ҳавои сол аз аввали моҳи май сар карда то охири моҳи июл ва миёнаи моҳи август гузаронидан мумкин аст ва 3-4 ҳафта пеш аз чидани ҳосили он обдиҳиро қат кардан лозим аст. Дар аввали обмони муддати обдиҳӣ бояд 8-10 рўз бошад дар вақти пайдо шудани бехи пиёз баъди 6-7 рўз. Дар давраи нашъунамои пиёзи баҳорӣ замини онро на камтар аз 14 то 16 маротиба об додан зарур мебошад.
Аз касалиҳо бошад дар кишти пиёз бештар касалии «челзанӣ» (переноспориоз) зарари калон расонида, ҳосили онро қариб ки ба пуррагӣ несту нобуд мекунад.
Барои нест кардани он фунгицидҳои Арсерид ё ин ки Ридомилро истифода бурдан лозим аст. Дар 10-12л об 20- 30грамми ин заҳрхимикатҳоро истифода баред.
Пиёзро дар нимаҳои август-сентябр ва аввали октябр ҷамъовари кардан зарур мебошад. Аломатҳои пўхта расиданаш мулоим шудани бех ва баъд пажмурда шудану афтидани ниҳоли он мебошад.
Дар вақти 30-40% ниҳолҳо ғалтидан ҷамъовариро сар кардан лозим аст. Чунки агар ҷамъоварӣ дер гузаронида шавад, он гоҳ пиёз нағз намеистад ва сифати худро гум мекунад.
Пиёзро ҳамроҳи баргу пояаш чида, дар замин бо баргу пояаш 7-10 рўз хўшк кардан лозим аст. Дар замин онро бо алаф пушонед. Баъди хушк шудан баргу пояи онро қайчи карда, ба қисмҳо ҷудо кунед.
Помидор. Яке аз муҳимтарин аз зироатҳои сабзавотӣ ба ҳисоб меравад. Меваи он тамъу маззаи хуб дорад ва аз дигар сабзавотҳо фарқи калон дорад. Дар таркиби он бисёр витаминҳо, моддаҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ ва оҳар хело зиёд мебошад.
Дар тибби ҳозира помидор ба сифати табобати парҳезӣ ба бемороне, ки гирифтори касалиҳои меъда мебошанд, истифода бурда мешавад.
Навъи Волгоградский 5/95. Ин навъ миёнапазак буда, давраи аз баромадани ниҳолҳо аз замин то пўхта расидани ҳосили он 110-120 рўз мебошад. Ин навъи помидор серҳосил буда, дар вақти нигоҳубини хуби он то 400-500кг аз 1 сотиҳ ва аз он зиёд ҳосил медиҳад. Он ба шароити гармӣ хело тобовар мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё