Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Прометринро дар вақти 2-3 барг баровардани ниҳолҳо ҳам истифода бурдан мумкин аст. Барои ин 12-15гр.
гербисидро дар 10л об омехта карда, ба як сотих замин ба воситаи дорупошак ё дастӣ бо ҷоруб пошидан лозим аст. Ё ин ки карасинро ҳам истифода баред алафхои бегонаро нест мекунад.
Барои ин 2-3л карасинро дар як сотих замин пошидан лозим аст.
Ин ҳам қисми зиёди алафҳои бегонаро нест мекунад. Агар дар замин аз ҳад зиёд ниҳол бошад онро тоқа кардан лозим аст ва ниҳолҳоро дар масофаи 3-4см аз якдигар мондан лозим аст, ки ин ҳосилнокии онро хело зиёд мекунад. Баъд дар киштзори сабзи нигоҳубини он фақат аз об додани он вобаст мебошад.
Обмониро баъди ҳар 6-7 рўз гузаронидан лозим аст. То давраи чидани ҳосил онро аз 7 то 10 маротиба об додан лозим аст.
Карам. Растании дусолае мебошад, ки дар байни растаниҳои сабзавотии дар ҷумҳурии мо парваришёбанда мавқеи асосиро ишғол менамояд. Навъҳои зерини карам: каллакарами сафед, каллакарами сурх, гулкарам, карами савоӣ, карами брюсселӣ ва карами колрабӣ парвариш мекунанд. Дар истеҳсоли кишоварзӣ бештар каллакарами сафед паҳн шудааст. Арзиши карам ба ҳамбастии моддаҳои ба организми инсон зарур муайян гардидааст, ки аз карбогидратҳо, сафедаҳо, намакҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ ва витаминҳо иборат мебошанд. Карам сифати баландро соҳиб буда, онро дар шакли тару тоза, намакзада, парварда, хушконида ва ғ. истифода мебаранд.
Каллакарами сафед растании дусолаи ба хунукӣ тобовар мебошад. Тухмаш дар ҳарорати 4+50С неш мезананд, дар ҳарорати 18+200С бошад, майсаҳояш дар рўзи 3-4 зоҳир мешаванд. Ҳангоми баланд будани ҳарорат ва нарасидани рўшноӣ ниҳолчаҳо аз андоза зиёд дароз мешаванд. Бинобар ин дар давраи зоҳир гаштани майсаҳо ҳарорати беҳтарин +60,+80С ба шумор меравад. Барои ташаккул ёфтани каллакарамҳо ҳарорати мусоид 15+170С ба ҳисоб меравад. Растании карам системаи суст ташаккулёфтаи решагӣ дошта ва нисбати ҳосилхезию намнокии хок талаботи зиёд дорад. Вобаста ба давомнокии давраи нашвӣ каллакарами сафед ба навъҳои тезрас, миёнарас ва деррас ҷудо мешавад.
Навъҳо. Дар ҷои аввал навъи тезраси замбурўғии 147-и каллакарами сафед меистад. Пас аз 60-70 рўзи дар хок кишт карданаш мерасад. Гулбандинаи дар як ҷо ҷамъгаштаи мўъҷази карамбаргҳои ҷойгирифтаро соҳиб мебошанд. Массаи (вазн)-и худи каллакарамаш 1015 гр.

пешина
аз 164
навбатӣ