Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тоҷикии барвақтӣ – навъи тезрас буда, рушди шадиди он пас аз 42-48 рўз фаро мерасад, самаровариаш 36-46 рўз идома меёбад, вазни самараш 105-118 гр-ро ташкил медиҳад. Ин навъ ҳамаҷониба (универсальный) буда, барои дар баҳору тобистон парвариш кардан дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон тавсия карда мешавад.
Серҳосили 118 – навъи тезрас, аз кишти тухмӣ то расиши он 41-47 рўзро дар бар мегирад, самарадиҳии он 36-46-рўзро ташкил мекунад, вазни самараш 85-139 г аст. Самари он шакли силиндрӣ дошта, навъи ҳамаҷониба аст ва дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон барои дар баҳору тобистон парвариш кардан тавсия мешавад.
Вобаста ба мўҳлати кишт, хокро барои бодиринг ба тариқи гуногун омода мекунанд. Барои кишти баҳорӣ тайёр кардани хок аз коркарди асосӣ иборат буда, ба мисли дигар зироатҳои сабзавотӣ аз чархмолакашӣ ва култиватсия ба чуқурии 10-12 ва 5-
6 см, ҳамчунин ғелакмолакашӣ иборат мебошад. Барои бодиринге, ки тобистон такроран кишт карда мешавад, тайёр кардани хок аз ҷуфти чуқур, нармкунӣ ва ҳамворсозии сатҳи болоии хок бо култиватор ва молакашии сабук иборат мебошад.
Бодиринг нисбат ба нуриҳои минералию органикӣ ҳассос мебошад. Барои ба даст овардани ҳосили баланд меъёри зерини нурӣ тавсия карда мешавад; поруи маҳаллӣ 40-60 т/га, минералӣ бошад, ба вояи зерин: N45-60P60-90K60-90. Бо мақсади таъмин намудани маҳсулнокии баланди растаниҳо лозим аст, ки тухмиҳо дар маҳлули обии содаи 1% тар карда шуда, сипас ба муддати 2 соат хушконида шуда дар ҳарорати 20-250С ба муддати 30-40 соат ё дар ҳарорати 600С гарм карда шаванд. Маҳсулнокии баланди растаниҳо дар мавриди нигоҳ доштани тухмиҳо дар зимистон, дар ҳарорати 18-200С ҳосил мегардад. Пеш аз кишт тухмиҳо бо таркиби ТМТД (4 г дар 1 га) заҳролуд карда мешаванд.
Тар кардани тухмиҳо дар маҳлули кислотаи борат ба миқдори 120 мг дар 1 л об ё содаи ошӣ (5 г дар 1 л об) дар давоми як шабонарўз дар ҳарорати 18-200С ба майсазании шадиди тухмиҳо ва нумўи растаниҳо ба таври мусбӣ таъсир мерасонад.
Киштро ба тарзи дураха ва тасмашакл аз рўи нақшаи (90+50)х18-22 см ва барои навъҳои дарозпоя аз рўи нақшаи (120- 60)х16-22 см мегузаронанд. Меъёри кишт 6-8 кг/га ва чуқурии қарордоди тухмиҳо 5-6 см-ро ташкил медиҳад. Пас аз кишт китъаро дар як маврид бо чархмолаҳои сабук молакашӣ мекунанд.

пешина
аз 164
навбатӣ