Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология

Зимни таҳқиқ ва омўзиш зери мафҳуми «забони адабиёти илмию техникӣ» забони баёни асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастуруламал ва воситаҳои таълимиву методӣ ва монанди инҳо доир ба илмҳои дақиқ ва техникӣ, мисли физика, математика, химия, геометрия, астрономия ва ғайра, ки бо забони тоҷикӣ нашр гардидаанд, дар назар дошта шудааст. Зери мафҳуми «истилоҳоти илмии техникӣ» истилоҳҳое фаҳмида шудаанд, ки дар ин жанрҳои адабиёти илмию техникӣ истеъмол мешаванд.
Умедворем, ки воситаи илмии таълимии мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба тарбияи мутахассисон дар самти забони илмии тоҷикӣ ва ташаккулу рушди минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ мусоидат менамояд.

ПЕШГУФТОР
Забони илмии тоҷикӣ (порсии дарӣ), яъне забони баёни афкори илмӣ ва асосҳои аллакай ташаккулёфтаи илмҳои замона бори аввал асрҳои IX-X, дар замони давлати Сомониён поягузорӣ шуда буд.
Сиёсати давлатдории Сомониён мутафаккиронро водор месохт, ки дар баробари забони арабӣ, ки забони илмии давр ба ҳисоб мерафт, нисбат ба татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм низ таваҷҷўҳ зоҳир карда, имкониятҳои дохилии ин забонро дар баёни асосҳои илмҳои замона истифода баранд, то дурдонаҳои ҳар як илм дастраси аксари мардуми форсизабонон гардад.
Хушбахтона, олимони муътабари замон, мисли Абўалӣ ибни Сино бо таълифи асарҳои безаволи худ «Донишнома», «Қурозаи табииёт», Абурайҳони Берунӣ бо таълифи асари «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» ва чанд олими дигари тоҷикзабон аз уҳдаи ин вазифаи заҳматталаб, вале боифтихор низ баромада, натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро доир ба илмҳои мантиқ, ҳандаса, табииёт, ҳайат, нуҷум ва монанди ин бо забони тоҷикӣ баён карда, дар ин замина истилоҳоти илмиро бо забони тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд.
Дар ибтидои қарни XX ба сабаби воқеаҳои сиёсӣ, ташкил шудани Иттиҳоди Шуравӣ, яъне ба вуҷуд омадани низоми нави давлатдорӣ ва дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам омад, ки илмҳои замона дар Тоҷикистон аз нав заминагузорӣ шуда, рў ба тараққӣ ниҳанд.
Сиёсати нави Иттиҳоди Шўравӣ имкон дод, ки дар Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон барои саводнок кардани тамоми табақаҳои ҷомеа мактабҳои таҳсилот ташкил карда шаванд.

аз 67
навбатӣ