Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Дар ин маврид талабот хусусан нисбат ба омўзондани илмҳои муосир дар мактабҳои миёна вазифае пеш гузошт, ки дар забони тоҷикӣ китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои математика, физика, химия, биология ва монанди инҳо ба вуҷуд оварда шаванд.
Тарҷумаи китобҳои дарсии русӣ ба тоҷикӣ ҳамчун воситаи асосии таълифи китобҳои дарсӣ ба ҳукми анаъана даромад, яъне акнун шароите фароҳам омад, ки забони тоҷикӣ аз нав дар баёни асосҳои илмҳои муосири табиатшиносӣ ва дақиқ истифода шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар замони зисти мо илм хусусияти байналмилалӣ дошта, натиҷаҳои илмӣ моликияти зеҳнии тамоми башарият ба ҳисоб мераванд, зеро дар рушди илми ҷаҳонӣ олимони тамоми давлатҳои мутараққӣ ва тараққикунанда, ки дар онҳо таҳқиқоти бунёдӣ (фундаменталӣ) ва амалӣ гузаронида мешаванд, саҳмгузор мебошанд. Ҳамин аст, ки забонҳои илм ва истилоҳоти илмии онҳо низ хусусияти байналмилалӣ доранд, зеро барои ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмии бунёдиву амалӣ дар ҷаҳон ва муаррифӣ намудани натиҷаҳои илмии дар ин ё он давлати рушдкунанда бадастомада, истифода кардани яке аз забонҳои муқтадири илм муҳим аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки давлати рў ба тараққӣ буда, соҳиби Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ мебошад ва дар онҳо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом дода мешаванд, аз ин масъала дар канор буда наметавонад. Ба иборати дигар, имрўз барои ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмии бунёдиву амалии дар Тоҷикистон анҷомдодашаванда ва барои ба олимони дигари ҷаҳон муаррифӣ намудани натиҷаҳои ин таҳқиқот истифода намудани аққалан ду забони муқтадири илмӣ – забонҳои русӣ ва англисӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ зарур аст.

пешина
аз 67
навбатӣ