ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Истилоҳеро, ки дар як шакл, вале бо мафҳумҳои гуногун дар чанд соҳаи илм истеъмол мешавад, сайёристилоҳ гуфтан мумкин аст (қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҳодиса дар забони илмӣ маъмул мебошад).
14. Соҳиби таъриф (дефинитсия) будани вожагони забони илмии техникӣ (хусусан, истилоҳот):
Таъриф ифодаи кўтоҳ, вале саҳеҳу равшани баёни мазмуни асосии мафҳуме мебошад, ки он ба воситаи истилоҳ номгузорӣ шудааст. Ин тафовути асосии истилоҳ дар забонҳои адабӣ ва забони адабиёти илмии техникӣ аст, зеро дар забони адабӣ истилоҳ на соҳиби таъриф, балки шарҳу маънӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, яке аз хусусиятҳои муҳими забони адабиёти илмию техникӣ майлони тахассусӣ доштани он мебошад. Вале забони адабиёти илмию техникӣ аз нигоҳи луғавӣ танҳо бо луғатҳои махсуси илмӣ ва илмии техникӣ маҳдуд намебошад.
Таркиби луғавии забони адабиёти илмию техникиро ҳамчунин номҳои хос (номи олимон, кошифону ихтироъсозон ва ғайра), ихтисора ва калимаҳои сарҳарфӣ (аббревиатура) низ ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин, дар забони адабиёти илмию техникӣ воҳидҳои ғайризабоние чун рамзу аломат, график, формулҳои математикӣ ва монанди ин низ истеъмол мешаванд, ки баъзеи онҳо ҳам мафҳумеро ифода мекунанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки забони адабиёти илмию техникӣ нисбат ба забони адабӣ аз нигоҳи истифодаи луғатҳои махсус ғанитар мебошад, вале танҳо қисмате аз воситаҳои ифодаи забони адабиро истифода мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё