ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Дар қонуни дуюми ҳаракат Ниютон ҳамбастагии байни массаи ҷисм, қувваи ба чисм таъсироваранда ва шитоберо, ки бо он ҷисм ҳаракат мекунад, баррасӣ менамояд. Дар асоси таҷрибаҳои зиёд Ниютон ба хулоса омад, ки қувваи ба ҷисм таъсироваранда F ба ҳосили зарби массаи ин ҷисм m ва шитоби ба ин чисм бахшидаи ин қувва a баробар аст:
F= m.a
Аз қонуни дуюми Ниютон бармеояд, ки қувваҳои ба ҷисм таъсиркунанда шитоби он, яъне тағйироти суръатро муайян мекунанд. Бинобар ин, самти шитоб ҳамеша ба самти қувваи таъсиркунанда мувофиқ меояд. Шитобе, ки ба ҷисм бахшида шудааст, ба қувваи ба ҷисм таъсироваранда мутаносиби роста ва ба массаи ҷисм мутаносиби чаппа мебошад:
a= F / m Аз қонуни дуюми ҳаракат бармеояд, ки дар мавриди доимӣ будани қувваи ба ҷисм таъсироваранда бо афзоиши массаи чисм шитоби он кам мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҷисми бузургмасса инертноктар мебошад ва ҳолати онро тағйир додан душвортар аст. Бинобар ин масса меъёри инертнокии ҷисм қабул шудааст….
Тавре ки аз мисоли боло бармеояд, дар адабиёти илмию техникӣ мазмуни қонунҳои илмӣ одатан ба воситаи формулаҳои математикӣ, ки ҳамбастагии байни бузургиҳои дар омўзиши ҳодисаи илмӣ иштироккунандаро таҷассум менамояд, ифода карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё