ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Гармшавии чашмрас мушоҳида мешавад. Пробиркаро доимо ҷунбонида, қисми ҷудошудаистодаи болоии онро бо қисми поёнӣ омезиш диҳед.
Пас аз 3-5 дақиқа омехтаи ҳосилшударо ба стаканчаи обдор резед. Нитробензол дар куҷо ҷамъ мешавад? Ба рангу бӯяш диққат диҳед. Маҳлули кислотаҳо ва нитробензолро ба банкаи махсус эҳтиёткорона тарзе резед, ки нитробензол дар стакан боқӣ монад.
Онро як бори дигар шӯед ва ба пробирка резед. Нитробензолро барои таҷрибаҳои минбаъда истифода баред.
§4. ХУСУСИЯТҲОИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ АДАБИЁТИ
ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ
Амалан дар ҳар гуна баёни ҳам даҳонӣ ва ҳам хаттӣ табиати услубии ин ё он матнро ба осонӣ дарк кардан мумкин аст. Ҳар касе, ки бо адабиёти илмию техникӣ сарукор мегирад, дарҳол ҳис карда метавонад, ки забони ин адабиёт аз забони рўзмарра ва забони адабиёти бадеӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Дақиқиву возеҳӣ кўтоҳиву ихчамӣ, гунҷоиву муъҷазӣ, фасоҳату муассирӣ аз хусусиятҳои сифатии баёни забониадабиёти илмӣ мебошанд. Ҳар яке аз калимаву ибораҳое, ки матни илмиро таркиб додаанд, ба мутахассис мушаххассоти ҳаматарафа ва фишурдаи ин ё он чиз ва ҳодисаҳои илмиро рўшан месозанд. Ин афзалияти бузурги забони адабиёти илмӣ тавассути дар матнҳои илмӣ ба таври нозукбинона, бошуурона ва мақсаднок интихоб шудани калимаву ибора ва воситаҳои дигари забонӣ рўи кор меояд. Ба иборати дигар муҳимтарин аломати фарқгузоранда байни забони илмии техникӣ ва забони адабӣ интихобиву якмаънӣ будани калимаву ибораҳо ва мазмуни мушаххас доштани ҷумлаҳо дар матнҳои илмӣ мебошад.
Як хусусияти муҳими услуби илмии техникӣ дар хилофи услуби бадеӣ маҳдуд будани таркиби луғавии забони илмии техникӣ ва тақсимоти хоси луғати он дар зерзабонҳои илмҳои мушаххас мебошад. Луғати забони адабиёти илмию техникиро луғати истилоҳотӣ; номгон (ин истилоҳро мо ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи русии «номенклатура» мақбул донистаем); луғати умумиистеъмолӣ дар вазифаҳои истилоҳотӣ; маъниҳои мавҳуми калимаҳое, ки хосиятҳои умумии ҳодисаҳоро ифода мекунад; калимаҳои сарҳарфӣ (аббревиатураҳо), ишораҳои рамзӣ ва монанди инҳо ташкил медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё