ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Мавҷҳои рўшноӣ
Ҷисмҳоеро, ки ба муҳити атроф рўшноӣ меафкананд, манбаъҳои рўшноӣ меноманд. Офтоб манбаъи асосии рўшноӣ дар рўз аст. Шабонгоҳ барои рўшаниандозӣ аз манбаъҳои гуногуни сунъӣ истифода мекунанд.
Рўшноӣ аз манбаъи рўшноӣ ба намуди мавҷҳои электромагнитӣ паҳн мешавад (густариш меёбад). Мавҷҳо дар натиҷаи ларзишҳои электромагнитие, ки дар атомҳо рўй медиҳанд, ба вуҷуд меоянд. Нурафкании атомҳо манбаъҳои нурҳои инфрасурхӣ, намоён, ултрабунафш, рентгенӣ ва монанди инҳо мебошанд.
Чӣ тавре, ки мо медонем, мавҷхои садо танҳо дар муҳити чандир паҳн мешаванд. Дар он ҷойе, ки муҳит чандир нест, мавҷҳои чандир густариш намеёбанд. Мавҷхои рўшноӣ дар ҳар гуна муҳити шаффоф, ҳатто дар ваккум паҳн мешаванд. Бо шарофати он, ки рўшноӣ дар вакуум паҳн мегардад, нури Офтоб ва нури ситораҳои хурдҷусса то ба Замин омада мерасанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар муҳити якҷинса рўшноӣ ростхатта паҳн мешавад. Маҳз ба сабаби ростхатта паҳн гардидавни рўшнои дар паси чизе (предмете), ки ба он рўшноӣ афтидааст, соя пайдо мешавад. Масалан, сабаби гирифти Офтоб дар он аст, ки сояи Моҳ ба Замин меафтад. Дар ин маврид Мох дар байни Офтоб ва Замин ҷойгир аст…..
Дар ин мисол калима ва ибораҳои манбаъ, нурафканӣ, вакуум, муҳити чандир, мухити якҷинса, гирифт, офтоб, афтидани рўшноӣ, рўшаниандозӣ, мухити шаффоф ва монанди инҳо вожагони умумиилмианд ва дар забони илм соҳиби мафҳуме мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё