ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
нуқта, доира, порча, масоҳат, дарозӣ, масъала, ҷадвал,
адад, реша, муодила, қимат, ифода, кунҷ, фосила, хат, асос, ҳисоб, ва ғайра (математика);
ҷисм, суръат, кор, тавон, шитоб, шиддат, ҳарорат, қувва,
баландӣ, ҷараён, майдон, лаппиш, садо, нур, вазн, мавҷ, зарра,
ҳаракат, моеъ, газ, майдон, шуоъ, ҳаҷм, ҳарорат, буғ, хато, сел,
дав, фазо, кор, масофа, қувва, ҳолат, хат, муҳит, ҷисм, ҷараён, нуқта, ранг, занҷир ва ғайра (физика);
модда, намак, нах, маҳлул, об, ҳуҷайра, панҷара, ҳаво,
банд, унсур, давр, омехта, гурўҳ, сохт, намуд, ҳалқа, абр, шакл,
доира, гармӣ, таҷзия, таҳлил, ҳарорат, филиз, ва ғайра (химия).
3) истилоҳоти байналмилалӣ, ё худ истилоҳоти хоси ин ё
он соҳаи илм ва техника, ки маъниву мазмуни онҳоро танҳо мутахассисони соҳа мефаҳманд, чунончи:
амплитуда, вектор, дифраксия, атом, интерференсия,
индуксия, абератсия, ионизатсия, конвексия, энталпия, энтропия,
энергия, потенсиал, физика, механика, динамика, оптика,
статика, система, масса, линза, газ, детектор, диоптрия, люкс,
люмен, импулс, индуктивият, кандела, келвин, лазер, магнит,
магнетон, мазер, нейтрон, электрон, атом, нуклид, параметр,
плазма, диод, триод, резонатор, генератор, реостат, симметрия,
фазотрон, синхрофазотрон, анод, катод, тиристор, эмиттер, молекула, вибратор ва ғайра (физика);
парабола, функсия, аргумент, система, координата,
аксиома, гипотенуза, логарифма, интеграл, экспонент,
дифференсиал, система, формула, график, фигура, координата,
дискриминатор, сумма, прогрессия ва ғайра (математика); элемент, полимеризатсия, синтез, радикал, кислота, изомерия, реаксия, денатуратсия, фермент, поликонденсатсия, дисперсия, катализ, катализатор, гидролиз, конфигуратсия, система, кристаллизатсия, фермент ва ғайра (химия); генетика, эволютсия, популятсия, мутатсия, организм, макроэволютсия, аллогенез, катагенез, дивергенсия, конвергенсия, полифилия, паразит, бактерия, гетерозис, мутагенез, ва ғайра (биология); схема, растр, панел, сигнал, блок, селектор, модул, гетеродин, каскад, тюнер, технология, канал, оссилограмма, кинескоп, синхронизатсия, механизм, видеосигнал ва ғайра (видеотехника).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё