ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Акнун масъала аз он иборат аст, ки забони илмии тоҷикӣ бояд чӣ тавр ба вуҷуд оварда шавад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз шохаҳои асосӣ ва заминавии забони илмии тоҷикӣ ин забони адабиёти илмию техникӣ, яъне забони баёни китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамин тавр, яке аз нахустин корҳои асосие, ки барои ташаккули минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ замина шуда метавонад, таҳлил, таҳрир ва таҳқиқ кардани забони баёни китобҳои дарсиву таълимӣ, ислоҳ намудани камиҳои истилоҳоти илмӣ аз нигоҳи забонию илмӣ, тақвият бахшидан ба кори тарҷумаву таълифи жанрҳои гуногуни адабиёти илмию техникӣ ва бунёд кардани истилоҳоти тоҷикии илмии техникӣ ва низоми ягона додани он мебошад.
Мутаассифона, ҳоло дар илми тоҷик, аз ҷумла дар забоншиносии тоҷикӣ масъалаҳои забони илмии тоҷикӣ, масалан, хусусиятҳои услубӣ, луғавӣ ва грамматикии забони адабиёти илмии техникӣ, хусусан забони адабиёти таълимӣ оид ба асосҳои илмҳои дақиқ. табиатшиносӣ ва техникӣ, масъалаҳои назариявию амалии истилоҳоти илмии техникии тоҷикӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Вобаста ба ин, забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ бояд аз се ҷиҳат - аз ҷиҳати забонӣ (лингвистӣ), аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва аз ҷиҳати таълимӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё