ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Вале ин маънои онро надорад, ки мо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикиро дар соҳаи илм татбиқ нанамоем. Баръакс, имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани низоми таҳсилот ва болобурди тафаккури илмии ҷомеа дар соҳаи илм ба вуҷуд овардани забони миллии илмӣ тақозои замон аст. Умуман, забони илмӣ дар давлатҳои рушдкунандае ба вуҷуд омада метавонад, ки онҳо, якум, соҳиби забони адабии миллӣ бошанд; дуюм, низоми таҳсилот фарогири ҳама соҳаҳои илми муосир бошад; сеюм, дар онҳо муассисаҳои илмие мавҷуд бошанд, ки ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ машғуланд. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ин шароит фароҳам аст ва забони тоҷикӣ имкон дорад, ки ба сифати як забони илмӣ истифода карда шавад, зеро забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин ва дар баробари ин яке аз ғанотарин (аз ҷиҳати луғавӣ) забонҳои дунёст, ки соҳиби забони адабӣ буда, қодир аст ҳар гуна афкор, аз ҷумла афкори илмиро бекаму кост ифода намояд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотҳои худ бо намояндагони зиёиёни кишвар борҳо эҳё ва эҷоди забони илмии тоҷикиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқон ва зиёиёни ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, таҳияи луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ, рушди илмҳои дақиқ ва техникӣ ва ҳамчунин, боло бурдани тафаккури илмию техникии ҷомеаро яке аз самтҳои стратегии давлатӣ дар соҳаи илм муайян намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё