Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

миқдорӣ (содда, мураккаб ва таркибӣ) ва касрӣ бо рақамҳо ифода карда мешаванд:
Санги ба уфуқ партофтшуда баъди вакти 0.5 сония дар масофаи 5 м аз ҷои партофт ба замин меафтад; Вагони массаш
20 кг бо суръати ибтидоии 54 км/соат ҳаракати собитшитоби сустшаванда мекунад.
Феъл: Дар адабиёти илмию техникӣ аз рўи такрорпазирӣ ҷойи дуввумро феъл ишғол мекунанд. Дар услуби илмӣ ба воситаи феълҳо интиқоли маъниҳо, исбот ва хулосаҳо, мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат, таҷрибаҳо, кашфиётҳо ва дурнамоҳои илмӣ ифода карда мешаванд. Таҳлил собит месозад, ки дар забони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ феълҳои зерин бештар такрорпазиранд: ташкил кардан, муқаррар кардан, муназзам сохтан, тафтиш кардан, созгор кардан, муттаҳид кардан, сохтан, бунёд кардан, таркиб додан, мувофиқ сохтан, тақсим кардан, рўшан сохтан, мустаҳкам намудан, тартиб додан, истифода кардан, татбиқ намудан, ҳалл кардан, қайд кардан, ташкил кардан, инкишоф додан, ҷойгир кардан, муайян намудан, гурўҳбандӣ кардан, тасниф намудан ва ғайра.
Дар матнҳои илмие, ки номи бузургиҳо ва хосиятҳои илмиро ифода мекунанд, бештар феълҳои соддаи зерин истифода мешаванд:

  • омўхтан:
    Химия моддаҳоро меомўзад; Физика ҳодисаву қонунҳои табиатро меомўзад; Арифметика ададҳоро меомўзад, ва монанди инҳо.
  • будан:
пешина
аз 67
навбатӣ