Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо андўхтани таҷрибаи кофӣ сол то сол нақша такмил меёбад, ба он маводи иловагӣ дохил ё ихтисор карда мешавад. Муҳим он аст, ки ҷараёни ҷустуҷў ва такмил мутассил идома ёбад, ки бе он такомули маҳорати омўзгорӣ ғайри мумкин аст.
Ба нақшагирӣ бояд қолабӣ набошад. Таҳияи ҳама гуна нақша фаъолияти эҷодии омўзгор аст, ки на фақат ба шароити умумии омўзиш алоқаманд мебошад, балки бештар ба шахсияти омўзгор аз махсусияти дарки матни бадеӣ вобаста аст.
Ҳамин тариқ, нақшаи мавзўии омўзиши очерки таърихии устод Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»
метавонад ба ин тарз бошад:
Дарси аввал. «Ҳуҷуми чингизиён ба Хуҷанд ва ҷанг дар болои ин шаҳр». Маълумоти мухтасар дар бораи нависанда.
Ҳикояти омўзгор ва суханронии хонандагон, сўҳбат дар бораи муборизаи тоҷикон бо чингизиён; ҳикояти муаллим; ба воситаи суолҳо нақл кардани мазмун; кор аз болои забон ва таъбирҳо; нақли комили ин пораи асар.
Дарси дуввум. Ба ёд овардани саврнавишти Темурмалик ва ёрони ў аз пораи аввал; маълумот дар бораи шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази муқтадири тоҷикнишин дар он замон; хондани матн; суҳбат дар атрофи мазмун ва ғояи ватандўстии асар ва ғайра.
Дарси сеюм. Тафсири матн ва таҳлили порае аз он.
Сухани муқаддимавии омўзгор. Таҳлили забонии порае аз асар. Омодагӣ ба нақл. Нақли хонандагон. Идомаи суҳбат дар атрофи қаҳрамонии хуҷандиён. Дарки маънии ватан ва ватандўстӣ.
Дарси чорум. Кори хаттӣ: иншои омўзишӣ дар мавзўи «Ватан ва фарзандон».
Дурнамои низоми муайяни дарсҳо имкон медиҳад, ки дар бораи нақшаи дарсӣ ҷиддан ва бо ҳадаф андешида шавад.
Нақшаи дарсӣ ҳалқаи низоми ягона буда, нақшаи дурнамо ва нақшаи дарсӣ қолабӣ нестанд.

пешина
аз 344
навбатӣ