МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Азхудкунии мундариҷа. Муайян кардани моҳияти ҳиссии идроки матн ва суоли масъалагузор. Одоби сухан гуфтан чӣ арзиши ахлоқӣ дорад?
- Хониши тафсирӣ.
- Таҳлили як пораи асар бо суолу ҷавоб.
- Тафсири хотимавӣ бо зикри муҳимтарин масъалаҳои ахлоқӣ, ки дар матн ба миён гузошта шудааст.
- Супориш дар хона. Зарбулмасалу мақолаҳоро, ки дар мавзўи сухан, одоби сухан гуфтан гуфта шудаанд, ҷамъ овардан. Таъбирҳои рамзиро шарҳ додан.
Мураттаб сохтани нақша аз омўзгор дониши равишшиносӣ ва адабиётшиносиро аз рўи мавзўъҳои барнома тақозо мекунад. Вале пайгирии кўркўронаи тавсияҳои методӣ натиҷаи судманд нахоҳад дод.
Дарки эҷодкориҳои мавод, интихоби аниқи он дар ҳар дарс, ҳал ва усули омўзиши он ниҳоят муҳим буда, барои омўзиши боигарии ғоявию бадеии адабиёти тоҷик пурсамар мебошад.
Матни бадеии барномавӣ ҳамчун маълумоти зебошинохтӣ ва намунаи асари таърихию адабӣ бояд ба омўзгор фаҳмо бошад. Танҳо дар ҳамин сурат равиши дурусти таълими он аз тарафи муаллим муайян карда мешавад. Таҳияи консепсияи хоси омўзиш, тартиб додани суолу супоришҳои арзишманд ҳангоми кор бо матн ва ғайра.
Ҳамин тариқ, муаллим ба омўзиши мавзўъ омода шуда, донишҳояшро дар ёдаш зинда мекунад, ба омўзиши мақолаҳои таълимӣ тайёрӣ мебинад, дараҷаи фарогирии маълумот ва дастрасии маводи таълимиро месанҷад, бо осори нави адабиётшиносӣ ва равишшиносӣ шинос мешавад, маводи лозимиро аз адабиёти ёддоштӣ ба қайд мегирад, маводи тасвириро интихоб менамояд. Муаллим ҷараёни кор, роҳҳои омўзиши асар, намудҳои тафсири усулҳо, кор бо луғат ва маводро барои ҳикояти худ интихоб мекунад.
Дар ҷараёни тадрис ва таълими адабиёт кор бо луғат ва таъбироти рамзию тамсилии таҳлили матн ниҳоят арзишманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё