МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Симо, шахсият ва ҳикматҳои Луқмон дар саросари адабиёти мо ҷойгоҳи хос дошта, бо номи номи ў масал мезананд ва дар андарзу ҳикматҳо ва ривоёти ахлоқӣ фаровон иқтибос меоваранд.
Луқмони ҳаким кӣ буд? Дар матни фасли алоҳидаи китоб оварда шудааст ва тафсири исми Луқмони таърихӣ ва адабиро рўшан менамояд.
Муваффақияти омўзгор аз бисёр ҷиҳат ба омодагии вай ба омўзиши матн ё мавзўи таълимӣ вобаста мебошад. Дар ин кор омўзгор ҳамон вақт комёб мешавад, ки агар ў асоси илмии ташкили меҳнати шахсиро донад. Бе донистан ва ташкили дурусти муназзами ин кор дар омўзиши адабиёт ба ҳадаф расидан қобили тасаввур нест.
Савол ва супоришҳо:
- Нақшаи солонаи худомўзиро мураттаб созед, номгўи китобҳои муҳимро тартиб диҳед.
- Равиш ва усули таълимро чӣ гуна маънидод мекунед?
- Равиш ва усулҳои таълим бо мундариҷа ва фароянди омўзиши адабӣ чӣ пайванде дорад?
- Кадом равиш ва усулҳоро ном бурда метавонед?
Онҳоро бо фаҳмиши мантиқияшон зикр кунед. - Истифодаи равиш ва усулҳои таълимӣ чӣ гуна ба пешрафти таълими адабиёт мусоидат мекунад?
- Дар бораи яке аз унсурҳои равиши таълими адабиёт нақл кунед.
- Доир ба таносуби истифодаи равишҳои таълими адабиёт мисолҳо оваред.
- Мубоҳиса, суолу ҷавоб ва суҳбат чӣ нақше дар таълими адабиёт доранд?
- Равиши (методикаи) таълими адабиёт чиро меомўзад?
Бо кадом шуъбаҳои илм алоқаманд аст. - Бо кадом равишҳои таълими адабиёти тоҷик ошно ҳастед? Умумият ва тафовути онҳоро мушаххас кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё