Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. /Бихандад лола бар саҳро / (2) /ба сони чеҳраи Лайло/,
    3 /Бигиряд абр бар гардун / (4) ба сони дидаи Маҷнун/.
    Дар ин байт санъати мурооти назир, таносуб ва инсиҷоми калимот низ ба назар мерасад.
    Табиист, ки дар адабиёти классикии форсу тоҷик бидуни донистани ирфони ошиқона дарки шеъри шоирони ориф имконнопазир аст. Бинобар ин, сараввал омўзгорро мебояд шогирдонро бо тасаввуф ва ирфони адабиёти форсии тоҷикӣ ошно сохта, ба тариқи фишурда моҳияти ирфони ошиқонаро баён кунад.
    Намунаи барҷастаи таҳлили шеъри орифона мақолоти «Гуфтор дар фазилати сухан» аз маснавии «Махзануласрор"
    – и Низомии Ганҷавӣ мебошад, ки Ш. Исрофилниё дар китоби «Сухани аҳли дил» дарҷ намудааст ва оно {амчун намуна пешкаш менамоем.
    Абўмуҳаммад Илёс писари Юсуф писари Закӣ Муайяд Низомии Ганҷавӣ яке аз аркони шеъри форсӣ буда, дар радифи бузургтарин шоирони дунё меистад ва дорои мактаби адабии хоси худ аст. Ҳаким Низомӣ зиндагии зоҳидонае ба сар бурда, хидмати ҳуккомро қабул накардааст, ҳарчанд ки шоҳони зиёде ўро чандин бор ба дарборашон даъват кардаанд.
    Ҳаким Низомӣ аз худ мероси ғание боқӣ гузошта, ки чи аз ҷиҳати маъонӣ ва чи аз лиҳози ҳунари шоирӣ беназир аст ва баъдина мавриди истиқболи шоирони дигар қарор гирифтааст, вале касе аз пайравонаш ба пояи ў нарасидаанд.
    "Махзануласрор" нахустин маснавии "Хамса"-и шоир буда, яке аз асарҳои ахлоқӣ ва фалсафии адабиёти форсу тоҷик мебошад, ки обуранги сўфиёна дорад.
пешина
аз 344
навбатӣ