МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
БАЙТИ 1. Манзур аз қалам дар ин байт қалами машият ва офариниши Худованд аст. ДАР ГИРИФТАН: Оғоз кардан.
МАЪНӢ: Аз аввалин ҷунбиш ва такони қалами машияти Парвардигор сухан нигошта ва офарида шуд. Аввалин офаридаи Худованд сухан аст.
БАЙТИ 2. БАРАНДОХТАН: Бардоштан, берун андохтан, дур кардан. МАЪНӢ: Чун парда аз хилватсарои хос бардоштанд ва ҳанўз ҳеҷ офаридае халқ нашуда буд, дар он хилват нахустин офаридае, ки ҷилвагар шуд, сухан буд.
БАЙТИ 3.МАЪНӢ: Дар ин байт ишора дорад ба офариниши Одам ва даромадани ҷон ба тани хокии Одам ва дар ин замина мегўяд: Рўҳи озода немехост гирифтори ҷисми хокӣ шавад ва ба ин кор тан намедод, то он ки сухан аз вуҷуди дил дар андаруни тани одамӣ хабар дод. Яъне агар сухан намебуд, ҷон дар тан намедоромад.
БАЙТИ 4 . МАЪНИИ ин байт бо байти аввал тақрибан яке аст.
БАЙТИ 5. МАЪНӢ: Хабаррасони андешаҳо аз касе бар касе кабўтари сухан аст. Шоир ба як маҳорати фавқулода таърифи суханро дар ин байт додааст. Сухан, ки паёму андеша аст, миёни гўянда ва шунаванда, ба хатте монанд карда, ки ду танро ба ҳам мепайвандад ва бо таваҷҷўҳ бо ин ки дар қадим бо воситаи кабўтар аз касе ба касе хабар мефиристонданд, шоир бо истифодаи ташбеҳи бисёр зебое, яъне мурғи суханро офарида маънии фавқулзикрро баён кардааст.
БАЙТИ 6. КЎҲНАИ НАВХЕЗТАР: Киноя аз ҷаҳони офариниш аст. МЎЙШИКОФ: Киноя аз бисёр дақиқ ва борикандешӣ, нуктасанҷӣ. МАЪНӢ: Аз ҷиҳати дақиқандешӣ ва борикбинӣ ҳеҷ чиз монанди сухан нест.
БАЙТИ 7. МАЪНӢ: Аввал андеша баъд шумор, варианти дигари он ки хеле маъмул аст, аввал андеша баъд гуфтор мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё