Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллим бояд сараввал шогирдонро бо тасаввуф ва ирфони адабиёти форсии тоҷикӣ ошно созад.Таҳлили шеър аз ҷониби донишмандон ва омўзгорон ба тарзи сабку салиқаи хеш амалӣ мегардад. Шеваи саҳеҳи онро дар такя бо андеша ва намунаи мисолҳои таҳлилнамудаи адабиётшинос Ш.
Исрофилниё ба тариқи фишурда моҳияти ирфони ошиқонаро баён мекунем.
Бояд зикр кард, ки орифон эътиқод доранд, ки мабдаъ ва холиқи ҳастӣ Худованди мутаъол аст, яъне тамоми мавҷудот тавассуди Ў офарида шуда ва дар ҳамаи онҳо заррае аз нури Ў мавҷуд аст. Агар дар ҷамодот камтар, дар наботот бештар аст ва нисбат аз наботот дар ҳайвонот бештар ва дар инсоният аз ҳама беш аст. Дар байни инсонҳо низ нури худовандӣ яксон нест, ашхосе, ки зеботаранд, ҳусни худовандиро бештар инъикос мекунанд, новобаста аз он ки кофаранд ё мусалмон, бутпарастанд ё насоро, зананд ё мард.
Албатта, на ҳама урафо ба ин ақида мувофиқанд. Орифон ҳастиро бар ду навъ медонанд: олами рўҳонӣ ва олами моддӣ. Ин ду олам дар мактабу мазҳабҳо ва ҷараёнҳои ирфонию фалсафӣ бо номҳои мухталиф ёд шудааст.
Масалан, мутакаллимин онҳоро олами маъқулот ва олами маҳсусот ё олами амру олами халқ, аҳли фалсафа олами метафизик ва олами физик ё олами мовароуттабиаву олами табиат, ишроқиён олами нуру олами зулмот ва бархе олами улвию олами сифлӣ ва амсоли инҳо номидаанд. Вобаста ба ин орифон бар онанд, ки вуҷуди ҳақиқии инсонро рўҳ ташкил медиҳад ва рўҳи инсон партаве аз рўҳи Худованд аст.
Рўҳи инсон пеш аз он ки ба ин дунёи модию хокӣ ояд, дар олами рўҳонӣ будааст. Ин рўҳи инсон ё зурроти бани Одам дар рўзи азал, ки бо унвони «аҳди аласт», «рўзи азал» ва мисоқи олами зур ёд мешавад ва ишора ба пеш аз оғози офариниш дорад, бо мушоҳида ҷамоли маъшуқи азалӣ ба Ў ошиқ мешавад ва Худованд низ ба офаридаи худ ошиқ мегардад. Ишқе, ки орифон аз он ёд мекунанд, реша ба рўзи азал дорад ва дуҷониба аст, ҳам ошиқ ба маъшуқ ошиқ асту ҳам маъшуқ ба ошиқ илтифот дорад.

пешина
аз 344
навбатӣ