Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин мутахассисон бояд донишҳои хуби забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дошта бошанд, чунки онҳо дар як вақт ҳам аз забон ва ҳам аз адабиёт дарс медиҳанд.
Бинобар ин, дар шароити имрўз дарёфти равишҳои нави таълими якҷояи ин ду фан дар мактаби миёна ва олӣ ба миён меояд.
Мундариҷа ва таркиби равиши таълими адабиёти тоҷик ҳамчун фанни таълимӣ ба адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ такя карда, толибилмонро бо донишҳои назарӣ ва амалӣ мусаллаҳ мекунад ва онҳоро ба хидмати мактабу маориф мекашад.
Дар соҳаи методикаи таълими адабиёти собиқ халқҳои Шўравӣ як қатор дастовард ва тадқиқот аз ҷониби олимони шинохта А.Д. Алферова, О.Ю. Багданова, Ф. И. Буслаева, В,В, Голубкова, М.А. Рибникова, Н.М. Соколов, Н.И.
Кудряшев ва дигарон анҷом дода шудааст. Дар татбиқи омўзиш ва таълими адабиёти тоҷик тадқиқот ва мақолаҳои ҷудогонаи олимон ва методистони тоҷик Х. Мирзозода, Ш.
Ҳусейнзода, М. Шукуров, Н. Маъсумӣ, М.Қозиҷонов, М.
Лутфуллоев, Ш. Исрофилниё, Т. Миров, Қ.Хоҷаев, Ш.
Исломов, А. Ваҳҳобов ва Ғ. Мирзоев нақши муайян доранд.
Мутаассифона, то кунун китоби дарсии мукаммали методикаи таълими адабиёти тоҷик ва ба талаботи муосири таълим ва тадрис ҷавобгў таҳия ва нашр нашудааст.
Китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» дар заминаи таҷрибаҳои муфиди таълими адабиёт ҳам дар мактабҳои замони Шўравӣ ва мактабҳои даврони истиқлоли кишвар таълиф шуда, ба масъалаҳои мушаххаси таълими адабиёти тоҷик ихтисос ёфтааст. Таркиб ва мундариҷаи китоби мазкур иборат аст аз қисмҳое, ки ба масъалаҳои мушаххаси омўзиш ва таҳлили осори бадеӣ бахшида шудааст. Дар дохили ин қисматҳо бахшҳои таълими адабиёт дар зинаҳои ҷудогона ҷой дода шудааст ва имкон медиҳад, ки аввал масъалаҳои умумии назарии бо мавзўъҳои мушаххаси омўзиш ва таҳлили адабиёти бадеӣ алоқаманд арзёбӣ шуда, тадриҷан роҳҳои мураккаби шаклҳо ва намудҳои таълими ин фан баррасӣ шавад.

пешина
аз 344
навбатӣ