Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, мо матни ин мақоларо пешниҳод карда, умедворем, ки муаллимони арҷманди мо аз он ба суди таълиму тарбияи хонандагон истифода хоҳанд кард.
Ин ки забон дар дасти Эраҷ ба воқеъ монанди мум шаклпазир аст ва ў метавонад ҳар чиро мехоҳад ва дар замир дорад ба осонӣ ба навъе баён кунад, ки ҳамагон дарёбанд ва онҳоро таҳти таъсир қарор диҳад, аз ҳамин раҳгузар аст. Забону баёне, ки аз ҳайси нармию равонӣ ва саҳли мумтанеъ будан ба шеъри Саъдӣ мемонад ва ба ҳамин сабаб бисёре аз абёти ў монанди зарбулмасал маъруф шуда ва ривоҷ пайдо кардааст. Гоҳ пеш меояд, ки ҳеҷ алфози адибона ва фасеҳе наметавонад ҷойгузини калимае омиёна шавад ва маънии манзурро ба он хубӣ бирасонад. Масалан, вақте Эраҷ мегўяд:
Саф кашиданд падарсўхтаҳо,
Чашм бар мансаби ҳам дўхтаҳо.
Калимаи дигар наметавон ёфт, ки беҳтар аз «падарсўхтаҳо» маънии гурўҳи «чашм бар мансаби ҳам дўхтаҳо»-ро бад нишон диҳад.
Эраҷ маводи забони оммаро бо бархе истилоҳоту таъбироти асрӣ, аз ҷумла, мусталеҳоти идорию амсоли он ва низ бо баъзе калимоти роиҷ дар баёни дарси хонандагони замон ба ҳам омехта, аз маҷмўи онҳо забоне падид оварда буд, ҳамакасфаҳму равону пуртавон, ки устод Хонларӣ онро «забони рўзнома» таъбир кардааст.
Ҳақ бо Нодири Нодирпур аст, ки Эраҷро «Нахустин шоири бузурги бидъатгузор» ва «Нахустин аламдори таҷаддуди шеъри форсӣ» шумурда, ки сухани ў «аз лиҳози баён сароғози роҳест, ки ба каломи зиндаи кунунӣ анҷомидааст».
Бегумон, ҳамаи касоне, ки дар ним қарни охир ба дабистон рафтаю дарс хондаанд, ин шеърро, ки дар кўдакӣ дар китобҳои дарсӣ хондаанд, ҳанўз ба ёд доранд ва борҳо бозгў кардаанд ва шояд пас аз ин низ дар хотирҳо пойдор бимонад.
Гўянд, маро чу зод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омўхт.

пешина
аз 344
навбатӣ